Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Зардшавии баргҳо ва афтидани баргҳои кўҳна нишонаи пухтани ҳосиланд.
Хоҷагиҳои пешқадам лаблабуро бо усули пай дар пай (поточний) меғундоранд. Бо ин усул бехмеваҳои ҷамъовардашударо дарҳол ба мошини дар паҳлўи комбайн гаштаистода бор карда, ба корхонаи қанд, анбор ё фермаи чорводорӣ мекашонанд. Дар баробари ҷамъоварии бехмева барги лаблабуро силос мекунанд. Бехмеваи барои хўроки чорво таъиншударо дар хандақҳо ё ғарамҳои болояш пўшида нигоҳ медоранд.
Ҷамъоварии лаблабу дар шароити мо кори меҳнатталаб аст, зеро мо комбайнҳои лаблабуғундор надорем. Дар шароите, ки чунин комбайнҳо мавҷуд нестанд, ҳосили онро ба воситаи мошинаҳои лаблабубардор ҷамъ мекунанд.
Иқлими минтақаҳои ҷануби пахтакории ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки лаблабуро дарҳол нағундоранд. Онро баробари зарурат на танҳо тирамоҳ, балки зимистон ва ҳатто аввали баҳор низ ҷамъ меоваранд.
Дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон бехмеваи лаблабуро аз замин нғундошта, аз он тухмӣ мегиранд. Ин аз нуқтаи назари иқтисодӣ усули самаранок аст.
ЛАБЛАБУИ ХЎРОКИ ЧОРВО. Новобаста ба умумияташон лаблабуи хўроки чорво аз лаблабуи қанд фарқ дорад. Дар 100 кг бехмеваи он 12 кг воҳиди хўрокӣ, 0,9- 1кг протеини ҳазмшаванда мавҷуд аст, ки он муттаносибан нисбат ба лаблабуи қанд 2,2 ва 1,3 баробар камтар аст. Он нисбат ба лаблабуи қанд серҳосил буда, воҳиди ҳўурокиаш камтар мебошад.
Лаблабуи хўроки чорво (Бета вулгарис в. красса) назар ба лаблабуи қанд пештар рўёнида шудааст ва яке аз саравлоди он мебошад.
Бар хилофи шаклгирии лаблабуи қанд дар бехмеваи лаблабуи хўроки чорво сарак ва гарданаки он нақши бағоят калонро мебозад ва ҳиссаи онҳо вобаста ба навъҳои гуногун аз 25 то 65%-ро ташкил медиҳад. Худи решааш бошад, нисбатан суст инкишоф меёбад.

пешина
аз 314
навбатӣ