Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Муқаррар шудааст, ки қисми рўизаминӣ ба кадом андозае баланд бошад, навъ ҳамон қадар намдўст шуда, камтар модаҳои ғизоӣ дорад.
Лундачаҳои лаблабуи хўроки чорво назар ба лаблабуи қанд каме калон ва сохташон паҳну рангашон равшан аст. Баргҳояш нағз инкишоф наёбанд ҳам аз рўи ҳаҷму вазн аз баргҳои лаблабуи қанд камтаранд.
Давраи умумии нашъунамои он дар соли якуми ҳаёташ назар ба лаблабуи қанд 25-30 рўз кўтоҳтар мебошад. Бинобар ин, он дар қисми шимолтарини ҷумҳурӣ низ кошта мешавад. Зеро дар он ҷо кишти ин намуд дар байни бехмеваҳои хўроки чорво ҷои якумро ишғол мекунад. Лаблабуи хўроки чорво назар ба лаблабуи қанд ба хушкӣ кам тоб меоварад. Бо мақсади кам кардани хароҷоти кашонидан, онро дар наздикиҳои фермаҳои ширию-молӣ коштан фоидабахш аст.
Усулҳои агротехникаи парвариши лаблабуи хўроки чорво аз лаблабуи қанд фарқи калон надорад. Ба ҳар гектар тахминан 16-20 кг тухмӣ мекоранд, то ки дар он 70-80 ҳазор растанӣ рўяд. Аз сабаби дар рўи хок сабзидани бехмеваҳо ҷамъоварии он чандон душвор нест ва онро чун лаблабуи қанд ҷамъ меоваранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё