Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Бо мақсади тезонидани инкишофи растаниҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии картошкаи барвақтӣ онҳоро дар биноҳои равшан ва мубодилаи ҳавояшон хуб дар ҳарорати 12-14°С гармӣ 20-30 рўз 2-3 қабати лўндагӣ дар фарш ё рафҳо паҳн намуда неш занонидан лозим аст.
Лўндаҳои картошкаро вақте мешинонанд, ки қабати 10 см хок 7-8°С гарм бошад. Бармаҳал шинонидани картошка агар боиси пўсидан ва авҷ кардани касалиҳои замбўруғӣ гардад, дер шинонидани он ҳосили онҳоро кам мекунад.
Дар шароити мусоиди баҳорӣ картошкаро дарҳол баъди итмоми кишти зироатҳои ғалладонагии баҳорӣ мешинонанд. Картошкаи барвақтиро дар ноҳияҳои водигӣ моҳи феврал, аввали март ва дар ноҳияҳои кўҳӣ дар даҳаи якўми апрел мешинонанд. Дар минтақаҳои Ҳисор ва Вахш шинонидани лўндаи картошкаро пеш аз зимистон, (ноябр-декабр) таҷриба карда шудааст ва бо ин мақсад лўндаҳои картошкаи кишти тобистона истифода бурда мешаванд.
Картошкаи тобистониро на дар аввали июл, балки моҳи июн кошта, дарҳол ҷўяки обёрӣ кашида, об додан лозим аст. Дар сурати 10 фоизи лўндаҳои картошкаи тухмӣ ба касалиҳо гирифтор буданашон ҳосилнокӣ 12-15 фоиз кам мешавад. Дар мамлакатҳое, ки картошкапарварии шадид доранд, ба ин нишондод аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Дар Нидерландия ҳангоми бештар аз 0,9 фоизи лўндаҳо вирусдор будан, онҳоро дар киштҳои элитагӣ истифода намебаранд.
Ба муқобили касалиҳои (қутур, фитофтороз, пўсиши тар) лўндаҳои картошка ба воситаи суспензияи 3-3,5 фоизаи заҳрдоруи ТМТД 80% (2,1-2,5 кг/тонна) ва ё суспензияи 60 фоизаи нитрофен (1- 1,5 кг/тонна лўндаҳо) безарар карда барои нест кардани фомоз ва саратон-фундазол, 60 фоиз (0,5-1 кг/тонна лўндаҳо) истифода бурда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё