Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Картошкаро одатан бо усули васеъҷўякии байни қаторҳояш 70 см ва ба воситаи картошкашинонакҳои тамғаи СКМ-6, СН-45, КСМ-4, ки дар як вақт нурӣ низ мепошанд, мешинонанд.
Дар хокҳои вазнин ва ноҳияҳое, ки фасли баҳор дер мерасад, кишти пуштагии лўндаҳои картошка дар ҷўякҳои пешаки кашидашудаю дар як вақт бо усули тасмагӣ нурӣ андохта мешудагӣ самараи калон медиҳад. Усули пуштагӣ имконият медиҳад, ки тартиби ҳавоӣ ва обӣ беҳтар шаваду сабзаҳо тез пайдо шуда, ҳосилнокӣ афзояд.
Таҷрибаҳои В.В.Кушнарова дар хоҷагиҳои дар ноҳияи Файзобод нишон медиҳанд, ки дар сурати зиёд кардани ниҳолҳо дар як гектар, ҳосилнокии ҳар як буттаи картошка кам шавад ҳам, ҳосилнокӣ дар ҳар як гектар аз ҳисоби зичии ниҳолҳо зиёд мешавад. Ҷойгиркунии растаниҳо бо нақшаи 70X25 см, ки миқдори ниҳолҳо дар як гектар ба
58 ҳазор баробар буд, натиҷаи беҳтарин дод. Бо мақсади гирифтани лўндаҳои ҳамвор аз рўи андозаашон дар киштҳои тухмӣ, зичии ниҳолҳоро дар як гектар то 65-70 ҳазор ниҳол зиёд мекунанд.
Вобаста ба нақшаи ҷойгиркунӣ дар вақти вазни лўндаҳои тухмӣ 60-70 г. будан, аз рўи ҳисоби 55-60 ҳазор растанӣ дар як гектар 3-4 т тухмӣ кошта мешавад. Мувофиқи маълумотҳои Шарипов Н.С. (1999) дар шароити минтақаи кўҳистони Тоҷикистон маркази кишти муштобу истифодаи усули локалии нуриҳо имконият дод, ки аз ҳама ҳосили баланд гирифта шавад. Асосан лўндаҳои яклухт шинонда мешавад. Кишти лўндаҳои буридашуда (нимаро), ки вазни 50-60 г. доранд бо мақсади озуқаворӣ низ парвариш кардан мумкин аст. Дар ИМА аз ҳисоби коштани лўндаҳои буридашуда, масолеҳи кошташаванда сарфа карда мешавад. Лўндаҳои тухмии картошкаро дар мўҳлатҳои баҳорӣ 8-10 см ва пеш аз зимистонию, тобистониро дар чуқурии 12-14 см мешинонанд.
НИГОҲУБИН. Картошка нигоҳубини саривақтӣ ва хушсифатро талаб мекунад. Бо мақсади нест кардани сафолак, беҳтар намудани аэрасияи хок, саросар сабзида баромадани лўндаҳои картошкаи кишти зимистонию баҳорӣ дар картошказор то пайдо шудани сабзаҳо (баъди 4-5 рўзи коштан) коркарди пеш аз сабзишӣ гузаронида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё