Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Соли аввал дар давраи пайдошавии 4-5 барг ба мақсади шуста нашудани сатҳи болоии хок ва решаҳои юнучқа ба он оби якўмро фавворавор мемонанд. Дар хокҳои шўр бо мақсади камнамак шудани қабати болоии хок барвақт об мемонанд.
Юнучқазорҳои соли нахустро то давраи якўм 3-4 маротиба бо меъёри 400-500м2/га об мемонанд. Пас аз дарави якўм юнучқазорҳоро чун юнучқазорҳои солҳои гузашта об мемонанд.
Вобаста ба шароити хокию иқлимӣ дар тамоми давраи нашъунамо юнучқазорҳои хўрокиро дар Тоҷикистон 6-10 маротиба бо меъёри 800- 900 м3/га об мемонанд. Юнучқазорҳои сохти хокашон вазнинро дер, аммо бо меъёри калон, сабукро тез-тезу вале бо меъёри кам об мемонанд.
Юнучқазорҳои хоки шўр бошад тез-тез об монданро талаб мекунанд.
Юнучқазорҳои солҳои 2-3-юм, ки оби зеризаминиашон рўякӣ (1,5-2 м) аст, то дарави якўм обталаб нестанд. Дар фосилаи байни даравҳо юнучқаро одатан 1-2 маротиба об мемонанд. Ба он бори нахуст дар давраи ғунчабандӣ об дода бори дуюм- баъди дарав, яъне дар давраи оғози сабзиш ва аввали ғунчабандӣ об медиҳанд. Ранги сабзи сиёҳчатоби баргҳо аз обталабии юнучқа шаҳодат медиҳад. Шабона об мондани юнучқазор беҳтар асту ба мақсад мувофиқ. Ҳарорати об дар вақти обмонӣ бояд дар ҳудуди 18-21°С бошад, чунки ин ҳарорат барои инкишофи юнучқа махсусан, барои қитъаҳои тухмӣ мусоидат мекунад.
Дар сурати норасоии бориш то коштани юнучқа заминро ба воситаи ҷўякҳо бо меъёри 1000-1500 м3/га об мемонанд. Ба юнучқа фитономус (баргу ғунча), кана (гул, ғунча), ширинча, тухмхўрак барин ҳашаротҳо зарар мерасонанд. Барои нест кардани бинидарозаки барги юнучқа, трипсҳо, канаҳо ва ғайраҳо дар юнучқазорҳои тухмӣ заҳррдоруи ангеклик, 50 фоиз э. к. (1,0-1,5 л/га) дар юнучқазорҳои хўроки чорво-1 л/га, ба кор бурда мешавад. Ба муқобили канаҳо, бинидарозаки барги юнучқа, ғафспоякҳо амбуш (бо меъёри 0,3- 0,4 л/га) низ истифода бурда мешавад.
Бар зидди кирми ғўза бошад, беҳтараш трихограммаҳоро (60 ҳазор дар 1 гектар) истифода бурдан лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё