Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар ҳарорати муносибтарини хок ва намнокии он пас аз 8-10 рўзи коштаи майсаҳо пайдо мешаванд. Мубориза бар зндди алафҳои бегона, махсусан зардпечак яке аз омилҳои асосии агротехникаи парвариши ин зироат ба шумор меравад. Ба муқобили зардпечак гербисиди куссад 37 фоиз (истеҳсоли Ўзбекистан), бо меъёри 10-12 кг/га то неш зада баромаданаш истифода бурда мешазад. Дар юнучқазорҳои тухмии соли якўм ализор, 72 фоиз з. к.-5-6 л/га ва дар соли дуюм -бутразин,
70 фоиз х. ҳ.- 1,1-1,4 кг/га (то сабзиш дар баҳорон) истифода бурда мешаванд. Дар муборизаи зидди алафҳои бегона-ғумай, зардпечак, аҷрик -мануронро (1,5 кг/га) истифода мебаранд. Зарур аст, ки ҳосили зироати пўшонанда (покровная) дар вақташ ғундошта шавад. Бо мақсади пешгирии паҳншавии зардпечак пас аз даравидани ҳосил чаронидани ҳайвонот дар қитъаҳо манъ карда шудааст. Зеро зардпечакро даравида нест кардан аз манфиат холӣ нест, ё ин ки беҳтараш сўзонадон лозим аст. Дар майдонҳое, ки зардпечак паҳн шудааст пухта расидани тухми зардпечакро интизор нашуда, онро дарҳол медараванд.
Юнучқазорҳои солҳои гузаштаро баҳорон то ибтидои сабзиш аз тирамоҳ, пас аз дарави охирин дар чуқурии 8-10 см чизел ё ду из бо сихмолаҳои вазнин сихмола мекунанд. Пеш аз ин коркард ба майдонҳо нуриҳои фосфорӣ мепошанд. Дар хоҷагиҳои пешқадам баъди ҳар як дарав қитъаҳоро сихмола карда, ба ҳар як гектар 10-20 кг/га фосфор мепошанд.
Чаронидани ҳайвонот дар юнучқазорҳои солҳои гузашта аввали баҳор ва охири тирамоҳ (як моҳ пеш аз фарорасии зимистон) боиси пастшавии устуворӣ ба зимистонгузаронӣ ва ҳосилнокӣ мегарданд.
Ҳосилнокии юнучқа пеш аз ҳама ба тартиби хеле хуби обмонӣ ва сифати он вобаста аст. Юнучқазорҳоро бо назардошти солҳои истифодабарӣ ва шароити хокию иқлимӣ об мемонанд. Барои юнучқазорҳо намии беҳтарин то давраи пайдошавии массаи хўрокӣ бояд дар ҳудуди 80 фоиз, дар давраи гулкунӣ 75 фоиз ва дар давраи пухта расидани тухмӣ- 60 фоиз аз НК бошад.

пешина
аз 314
навбатӣ