Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ин навъ пояи дағали сершоху баргдоштаи калон буда, баргнокияш 48,3% аст. Тўдагулаш-хушаи тунук, гулаш беранг ё ранги баланди гулобӣ дорад. Навъи тезпазак буда, баҳорон пас аз даравидан тез месабзад.
Мувофиқи маълумотҳои қитъаи навъсанҷии Санкт-Петербург ҳосили мутлақи хушки бедааш 92,7 с/га-ро ташкил медиҳад. Давраи аз сабзиш то дарави якўмаш 59 рўз аст. Дар қитъаи навъсанҷии Давлатии ноҳияи Совет ин нишондодҳо мутаносибан 66,2 с/га ва 46 рўз мебошанд.
Ба касалиҳои занги гарда миёна гирифтор мешавад. Вобаста ба шароити мўътадили метеорологӣ дар заманиҳои лалмӣ соли якўм ду дарав медиҳад. Дар дарави якўми соли дуюм ҳосилнокиаш бештар мешавад.
АГРОТЕХНИКА. Агротехникаи парвариши зироат аз бисёр ҷиҳатҳо ба агротехникаи юнучқа (дар заминҳои лалмӣ) монанд аст.
Қатраборонро дар киштгардонҳо баъди ғаллагиҳо, бехмевагиҳои хўрокӣ ҷойгир мекунанд. Дар истеҳсолот киштҳои рўпушии (покровный) он бо зироатҳои ғаллагии хўшадор низ чорӣ шудаанд.
КОРКАРДИ ХОК. Барои киштҳои баҳории қатраборон дар тирамоҳ майдонҳоро дар чуқурии 26-28 см шудгор мекунанд. Пеш аз шудгори тирамоҳӣ ба майдонҳо 35-40 кг/га фосфор пошида мешавад. Пеш аз кишт майдонҳои шудгоршударо дар чуқурии 8-10 см тавассути сихмола (чизел) нарм мекунанд. Дар сурати баъди ғаллагиҳо ҷойгиркунии қатраборон қитъаҳоро то шудгор дар чуқурии 6-8 см шибба мекунанд.
Коркарди хок барои киштҳои рўпушии қатраборон ба коркарди зироатҳои рўпушкунанда монанд аст.
МЎҲЛАТҲОИ КИШТ. Мўҳлатҳои кишти қатраборон ба мўҳатҳои кишти юнучқа ва зироатҳои ғаллагии хўшадор рост меояд. Дар минтақаҳои наздикўҳӣ ва ноҳияҳои водигӣ онро тирамоҳ, пеш аз зимистон ва аввали баҳор (дар моҳи феврал) ва дар минтақаҳои кўҳӣ - дар моҳи марту аввали апрел дар вақти коштани зироатҳои аввалибаҳорӣ мекоранд.
Дар соли аввал қатраборон суст нашъунамо карда, одатан ҳосил намедиҳад. Бинобар ин, бо мақсади самаранок истифода бурдани майдонҳое, ки барои парваришаш ҷудо карда шудаанд, онро дар киштҳои рупўш бо ҷав ё сулӣ тавассути тухмипошакҳои ғаллагию алафӣ муштарак мекоранд.

пешина
аз 314
навбатӣ