Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Коридани тухми қатраборон дар кишти зироатҳои ғаллагии хўшадори тирамоҳӣ (подсев), ки аллакай сабзидаанд, имконпазир аст. Бо ин мақсад аввали баҳор дар самти кўндалангии қаторҳои майсазори зироатҳои ғаллагии тирамоҳӣ ба воситаи тухмипошакҳои чархи тухмӣ қатраборонро мекоранд.
Дар заминҳои лалмии аз боришот таъмин қатраборонро бо усули қатории муқаррарӣ, дар қитъаҳои аз боришот нимтаъмини байни қаторҳояш 45 см мекоранд.
Барои пешгирӣ кардан аз касалиҳои аскохитоз, антракноз, фузариоз, пўсиши сафеду хокистарранг тухми қатраборон ба воситаи ТМТД 80 фоиз (бо меъёр 3-4 кг/тонна тухмӣ) заҳролуд карда мешавад.
Дар рўзи коштан бо мақсади дар решаҳои он пайдо шудани бактерияҳои лўндашакл тухмиҳо бо нуриҳои бактериалии нитрагин, ризоторфин омехта карда мешаванд.
Меъёри тухмӣ дар 1 гектар (вобаста ба таъминии заминҳои лалмӣ аз боришот) 3-6 млн. дони қобилияти нешзанӣ дошта аст. Тавсия мешавад, ки дар заминҳои лалмии аз боришот таъмин 80-90 кг/га, нимтаъмин -60-
70 кг/га тухмӣ кошта шавад. Тухмиҳо дар чуқурии 3-5 см зери хок карда мешаванд.
НИГОҲУБИН. Пас аз коридан, бо мақсади нест кардани сафолак ва ба даст овардани майсазори бутун майдонҳоро сихмола мекунанд. Дар вақти пайдо шудани бандинаи баргҳо барои ҳифзи намӣ ва нест кардани алафҳои бегона майдонҳоро бори дуюм сихмола мекунанд.
Дар киштҳои рупўш (покровный) барои сари вақт ғундоштани ҳосили ин зироатҳо ва тоза кардани майдонҳо, аз пояҳои боқимонда зарур аст.
Дар сурати дастрас набудани заҳрдору алафҳои бегонаро хишова ё ин ки то пайдошавии тухмӣ даравидан лозим аст. Пеш аз кишт нармкунии хок бо пошидани заҳрдоруи ализор (6-7 л/га) тавсия мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ