Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзуъ: АЛАФҲОИ ЯКСОЛАИ ХЎРОКИ ЧОРВО. (6 соат)
Агротехникаи парвариши мунҷ (2 соат).
Агротехникаи парвариши шабдар (1 соат).
Агротехникаи парвариши берсим (1 соат).
Агротехникаи парвариши алафи судонӣ (2 соат).
М У Н Ҷ
Алафи мунҷ растании лўбиёгии яксолаи хўрокаи чорво буда, дар минтақаҳои кўҳии Қрим, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ паҳн шудааст. Дар Гурҷис-тон (Грузия), Арманистон, Озорбойҷон, Ўзбекистан, Туркманистон ва Тоҷикистон онро бештар чун хўрокаи сабзу силос, беда ва орди алаф парвариш мекунанд. Барои истеҳсоли орди алаф онро дар давраи на-пухтани дон медараванд.
Бедаи мунҷ дар таркибаш ба ҳисоби миёна 15 фоиз об, 16,2 фоиз протеин, 2,5 фоиз равған, 39,2 фоиз моддаҳои бенитрогении экстративӣ, 6,8 фоиз хокистар, 8,8 фоиз сафедаи ҳазмшаванда, инчунин, витамини С ва провитаминҳои А, В дорад. Дар 100 кг бедаи он 45-50 воҳиди хўрока ва 12-13 гр протеини ҳазмшаванда буда, хўрокаи дўстдоштаи чорво мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ