Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар Афғонистон, Эрон ва Доғистон мунҷи даштӣ вомехўрад.
Мунҷ дар Тоҷикистон дар киштҳои омехтаи зироатҳои лубиёгию ғаллагӣ (мешанки) бо ҷав, сулӣ, ҷавдор ҳамчун маҳсулоти хўрокаи серсафеда, дар силсилаи тамоми сол пурра истифодабарии заминҳои обӣ ҳамчун зироати зимистон нашъунамокунандаи фосилавӣ ба таври васеъ парвариш карда мешавад.
Дар қитъаи навъсанҷии лалмии ноҳияи Темурмалик аз ҳар як гектари он 118-123 с/га баргу пояи сабз, 25,5-25,9 с/га беда ва 6,1-7,2 с/га дон гирифта шудааст. Ҳосилнокии омехтаҳои алафи мунҷу-сулӣ, алафи мунҷуҷавдор дар заминҳои обӣ то ба 200-250 с/га (60-70 с/га беда) расида, барои заминҳои лалмӣ зироати хуби бандкунандаи заминҳои дамдодашуда ба шумор меравад. Алафи мунҷ аз ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва касалиҳо кам зарар дида, ҳашаротҳои махсус надорад.
НАВЪҲО. Барои парвариш дар заминҳои обии Тоҷикистон (дар майдонҳои киштгардон барои парвариши зироатҳои хўроки чорво) дар киштҳои фосилавӣ навъҳои алафи мунҷи тирамоҳии Тоҷикӣ-31, баҳории Тоҷикӣ-60 ноҳиябандӣ карда шудаанд.
ТОҶИКӢ-31. Ин навъ дар Пажўҳишгоҳи зироатчигии Тоҷикистон бо роҳи интихоби инфиродии намунаҳои чехӣ рўёнида шудааст. Дар соли 1982 барои киштҳои фосилавӣ ноҳибандӣ карда шудааст. Ба намуди патдорҳо ва гуногуннамудии глабрассенс тааллуқ дорад. Растанӣ печон буда, пояи сабз дошта, бемўяк аст. Баргнокияш баланд аст. Ранги гулҳояш кабуду бунафш буда, 4-5 донагӣ ғилофаки дорчинии сафеди ромбшакл дорад. Вазни 1000 донааш 30 гр мебошад. Давраи нашъунамояш 207 рўз аст. Дар таркиби бедаи мутлақи хушкаш 16 фоиз протеини хом, 37,9 фоиз ғоз (клетчатка) дорад. Ҳосили баргу пояи сабзаш дар қитъаи навъсанҷии ноҳияи Темурмалик 118 с/га, беда - 25,5 с/га, донаш- 6,1 с/га-ро ташкил кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ