Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Шабдар гармӣ, рўшноӣ ва намиро дўст дошта, растании кутоҳрўз аст.
Намудҳои зимистониаш дар шароити ноҳияҳои водигӣ ва минтақаҳои наздикўҳӣ ба 8-10°С будани сармо тоб оварда, зимистонро нағз мегузаронад.
Дар шароити Осиёи Марказӣ шабдари моҳи март кошташуда, дар нимаи аввали моҳи июн гул мекунад ва тухмаш дар охири моҳи июл мепазад. Тухмаш пўсти тунук дорад. Аз ин рў қобилияти баланди нешзанӣ дошта, баъди 3-4 рўзи коштан майсаҳояш саросар -болои хок мебароянд.
Шабдар дар давраҳои аввали нашъунамояш суст месабзад. Сабзиши шадидаш аз давраи муғчабандӣ cap мешавад. Аз ин рў тавсия мешавад, ки бояд шабдар дар заминҳои аз алафҳои бегона тоза кошта шавад. Давраи пурраи нашъунамояш дар киштҳои баҳорӣ то пухта расидани тухмӣ 100-130 рўз ва дар киштҳои тирамоҳӣ то 230-240 рўз аст. Шабдар ба сохтори хок кам эҳтиёч дошта, дар хокҳои гуногун хуб нашъунамо мекунад.
УСУЛҲОИ АСОСИИ ПАРВАРИШ. Дар ноҳияҳои пахтапарварӣ шабдарро байни қаторҳои пахтаи нашъунамокунанда, ҷуворимакка, ҷуворӣ ва инчунин баъди шолӣ мекоранд. Онро дар заминҳои холӣ низ мекоранд. Тухми шабдар хеле хурд аст, бинобар ин хоки қитъаҳоро нағз майда кардан лозим аст. Барои кишти баҳорӣ дар вақти шудгор ба ҳар як гектар 50-60 кг Р2О5 меандозанд. Аввали баҳор пеш аз кишт майдонҳои шудгоршударо дар самти кундалангӣ ба воситаи сихмолаҳои вазнини дандонадор нарм мекунанд. Пеш аз кишт майдонҳоро дар чуқурии 5-6 см, муштарак бо сихмола ба воситаи нармкунак коркард мегузаронанд.
Кишти шабдар ба воситаи тухмиҳои аз алафҳои бегона тоза, (махсусан зардпечак) ба воситаи тухмипошакҳои ғаллагию алафӣ, сабзавотӣ бо усули қатории муқаррарӣ гузаронида мешавад. Мўҳлатҳои беҳтарини кишти тирамоҳии шабдар моҳи август-сентябр ва баҳориаш баробари фарорасии ҳарорати 8-10°С, дар нимаи аввали моҳи март мебошад.
Баъди кишт дарҳол барои обмонӣ ҷўяк мекашанд. Меъёри кишти тухмии шабдар 10-12 кг/га буда, дар чуқурии 1,5-2 см зери хок карда мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо