Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Шароити хокию иқлимии Осиёи Марказӣ барои парвариши шабдар мусоид аст.
Дар Тоҷикистон солҳои 70-ум ба назар гирифта шуда буд, ки ҳар сол дар 25-30 фоизи майдонҳои пахта, бо мақсади гирифтани нурии сабз, шабдар кишт карда шавад.
Вазифаи барқароркунӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок ва зиёд кардани миқдори моддаҳои органикӣ дар минтақаҳои пахтакорӣ ташкили тухмипарварии шабдарро ҳамчун нурии сабз талаб мекунад.
ҲОСИЛНОКӢ. Шабдар дар шароити замини обӣ тез сабзида дар 2-3 дарав 400-500 с/га баргу пояи сабз ё 80-100 с/га беда медиҳад.
Ҳосилнокии тухмиаш (4-6 с/га) на он қадар баланд аст.
Покистониҳо бо гузаронидани агротехникаи баланди шабдар барои хўрокаи чорво 3 дарав гирифта, дарави 4-умашро ҳамчун нурии сабз шудгор мекунанд. Дар ин мамлакат шабдар пешинакишти беҳтарини пахта ба ҳисоб меравад.
Дар заминҳои обии водии Вахш ҳангоми гузаронидани кишт (охири июл-аввали август) шабдар то фарорасии сармоҳои аввалин ду дарав ҳосил дода метавонад.
НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъи «Вахш-3» парвариш карда мешавад.
Ин навъ дар филиали дар води Вахш будаи Иттиҳодияи илмиюистеҳсолии «Зироаткор» бо усули интихоби инфиродӣ ва минбаъд интихоби бисёркаратаи оммавӣ аз шабдари дерпази эронӣ рўёнида шудааст. Муаллифаш Паришкура Н.С. мебошад. Дар соли 1965 ин навъ барои ҳамчун нурии сабз парваридан, дар водиҳои Вахшу Ҳисор ноҳиябандӣ кунонида шудааст.
Навъи борикпояи майдабарг буда, баргнокияш қаноатбахш аст.
Тўдагулаш сурхи гулобӣ буда, тухмаш рангҳои гуногун дорад, ки аз байнашон ранги сабзи баланду дорчинии баланд бештаранд. Навъи миёнапаз аст. Дар қитъаи навъсанҷии водии Вахш 126,7 с/га баргу пояи сабз дода-аст, ки дар таркибаш 23,8 фоиз сафеда дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ