Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар сурати норасоии намӣ то пайдошавии майсаҳо ба воситаи ҷўякҳое, ки аз якдигар дар фосилаи 60 см бурида шуданд, ба киштзор бо меъёри 400-500 м3/га об мемонанд.
Нигоҳубини киштҳо дар тирамоҳ аз нигоҳ доштани намӣ дар ҳудуди
70 фоиз аз НК иборат аст. Вобаста ба шароити хокию-иқлимӣ шабдарро тирамоҳ 2-4 бор об мемонанд. Дар водии Вахш бисёртар ва дар водии Ҳисор камтар об мондан лозим меояд.
Дар сурати дар байни қаторҳои пахтаи нашъунамокунанда коштани шабдар тавсия мешавад, ки ҳосили паҳн то пайдошавии думчаи баргҳо (розетка) ғундошта шавад. Нигоҳубини баҳории кишти шабдар аз обмонӣ, хишова ва ғизодиҳӣ иборат аст. Аввали баҳор бо мошинаҳои нурипошӣ ба ҳар гектар 25-30 кг/га фосфор мепошанд. Бо мақсади аз алафҳои бегона нест кардани заминҳои барои тухмӣ ҷудо шуда дар давраи нашъ-унамои шабдар 2-3 маротиба хишова гузаронида мешавад. Барои нест кардани зардпечак бояд диққати махсус дод. Барои гирифтани тухмӣ дарави якуми майдонҳои аз алафҳои бегона тоза, ба касалиҳо гирифтор нашуда ва аз ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои кишоварзӣ осеб надида мононда мешаванд.
ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ. Шабдар чун беда ба воситаи мошинаҳои алафдарав дар давраи аввали гулкунӣ ғундошта мешавад. Шабдари тухмиро дар давраи хокистаррангии ғилофакҳо (70-75 фоиз) бо усули дарави дудаврагӣ ва ё якбора бо гардиши тези устувонаи олоти кубанда ҷамъ меоваранд. Барои нурии сабз баргу пояи сабзи шабдар ду ҳафта пеш аз кишти пахта шудгор карда мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ