Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

БЕРСИМ

Берсим, ҳамчун шабдар растании яксолаи лўбиёгии хўроки чорво ва нурии сабз (сидератӣ) мебошад. Аз рўи қиммати хўрокиаш берсим ба шабдар монанд ва ба юнучқа наздик аст. Вобаста ба навъ, агротехника ва дарав баргу пояи сабзаш то 80 фоиз об, 3,1-3,2 протеин, 0,6-0,7 фоиз равған, 7,5-8 фоиз ангиштоб ва бедааш 15-16 фоиз протеин, 3,5-3,6 фоиз равған, 37-39 фоиз ангиштобро дорост.
Берсимро дар хоҷагии қишлоқ ҳамчун хўрокаи сабз, беда, орди алаф ва хўрокаҳои ғурушагӣ барои ҳайвонот истифода мебаранд.
Дар Миср берсим аз замонҳои қадим чун зироати беҳтарини хўроки чорво, нурии сабз (сидератӣ) ва пешинакишти пурқиммати пахта истифода бурда мешавад.
Ин зироат дар як қатор мамлакатҳои дунё - Индонезия, Покистон, Эрон, Африка, Калифорния (ИМА) ва ғайраҳо паҳн шудааст.
Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ берсим барои парвариш дар киштҳои фосилавӣ ба сифати зироати зимистон нашъунамокунанда дар ноҳияҳои пахтапарварӣ аҳамияти калон дорад.
Дар Тоҷикистон, махсусан дар водии Вахш берсим ҳамчун зироати умедбахши зимистони дар силсилаи зироатчигӣ мақоми хоса дорад.
Таҷрибаҳои дар шароити водии Вахш гузаронидашудаи Н.С.Паришкура нишон доданд, ки дар шароити заминҳои обӣ, дар мўҳлати кишти охири июлу аввали август берсим метавонад ду дарави пурра аз дав (отава) диҳад, дар мўҳлати кишти сентябрӣ бошад, як дарав дода, такроран сабзад. Берсим дар ду дарав аз ҳар гектар 500-600 с баргу пояи сабз ва 100-130 с беда додааст. Ҳосили тухмиаш то ба 12 с мерасад.
Берсим аз дигар зироатҳо бо қобилияти тезсабзиаш фарқ мекунад.
Дар ҳолати риояи қатъии усули парвариш (дар шароити заминҳои обӣ) берсим барои истеҳсоли беда 3-4 дарав медиҳад ва дарави 5-умашро ҳамчун нурии сабз шудгор менамоянд. Ин маълу-мотҳо далели онанд, ки берсим дар оянда бояд ба таври васеъ парвариш карда шавад.
Берсим зироати яксолаи тирамоҳию баҳорӣ мебошад. Дар ноҳияҳои водии Тоҷикистон зимистон хунукии- 8-10°С-ро ба хубӣ аз cap мегузаронад. Барои неш задани тухмии он 10°С гарм будани ҳарорати хок мусоид аст. Дар чунин шароит баъди З рўз майсаҳояш пайдо мешаванд. Аз 400С зиёд будани ҳарорат дар моҳҳои июл, август ба нашъунамои берсим таъсири манфӣ мерасонад. Дар баҳор майсаҳои берсим ба хунукии то - 2°С тоб меорад.
Берсим растании аз якдигар хуб гардолудшаванда аст. Баъди 40-50 рўзи пайдошавии майсаҳо гул мекунад. Дар киштҳои баҳорӣ (мўҳлати охирин моҳи март ва аввали апрел) дарави якум дар нимаи моҳи июн гузаронида мешавад. Дарави дуюм баъди як моҳ ва сеюм баъди 40-45 рўзи он гузаронида мешавад.
Берсим ба сохти хок талаби зиёд надорад ва дар ҳамагуна намуду зернамудҳои хокҳои хокистарранг ва дорчинранг сабзида инкишоф меёбад. Дар хокҳои шўр ва ботлоқӣ намерўяд.

пешина
аз 314
навбатӣ