Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар филиали Иттиҳодияи илмию-истеҳсолии «Зироаткор» (водии Вахш) навъи берсими «Хатлон-3» бароварда шудааст.
Усулҳои парвариши он аз усулҳои парвариши шабдар фарқ надорад.
Берсимро асосан дар моҳҳои август-сентябр пас аз ғунучини ҳосили зироатҳои пешинакишт-ҷуворимакка, ҷуворӣ ё дар байни қаторҳои пахтазор низ мекоранд. Меъёри кишти тухмӣ дар ҳар як гектар 16-18 кг аст.
Тухмиҳоро аз киштҳои дарави дуюм мегиранд.
Нигоҳубин ва усули ғунучини ҳосили берсим чун шабдар аст. Баъди ҳар як дарав ба замин бо меъёри 700-750 м3/га об медиҳанд. Дар киштҳои барои истеҳсоли тухмӣ ҷудошуда, онро дар давраҳои инкишоф:
ғунчабандӣ, гулкунӣ ва ташакулёбии тухмӣ об мемонанд.
АЛАФИ СУДОНӢ
Алафи судонӣ зироати ғаллагии яксолаи ба хушкию гармӣ тобовар ва хўрокаи хуби чорво аст. Онро ҳамчун хўрокаи сабз, беда, силос ва алафи чарогоҳӣ истифода мебаранд. Дар 1 с бедааш 6,5 кг протеини ҳазмшаванда ва 50% воҳиди хўрока мавҷуд аст. Аз рўи маълумотҳои А.П.Саверкин миқдори протеин дар алафи судоние, ки дар Тоҷикистон парвариш карда шудааст, нисбат ба алафи судоние, ки дар минтақаҳои даштии марказии Россия парвариш карда шудааст, зиёд аст. Қиммати ғизонокии хўрокаҳоеро, ки аз алафи судонӣ тайёр карда мешаванд, дар натиҷаи омехта коридани он бо зироатҳои лўбиёдонагӣ, боз ҳам зиёд шуданаш мумкин аст.
Пас аз дарав ё чаронидани чорво сабзиши алафи судонӣ тез шуда, ҳосили баланд медиҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо