Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ватани алафи судонӣ - Судон аст ва аз ин лиҳоз чунин ном гирифтааст. Дар Россия ин алаф аз аввали асри ХХ парвариш карда мешавад. Аз рўи хусусиятҳои пурбаҳои биологиаш киштҳои алафи судонӣ дар Украина, Қафқози Шимолӣ, Поволже, Қазоқистон, Сибири Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ паҳн шудааст.
Алафи судонӣ дар заминҳои лалмии аз боришот таъмин, нимтаъмин ва нотаъмини Тоҷикистон парвариш карда мешавад. Ин алаф дар заминҳои обӣ ва хубӣ нашъунамо карда, ҳосили баланд медиҳад.
ҲОСИЛНОКӢ. Алафи судонӣ дар шароити обёрии хуб метавонад 2-3 дарав ва аз ин ҳам зиёд дар заминҳои лалмии аз боришот таъмин 40-50 с/га беда ва 250-300 с/га баргу пояи сабз диҳад. Аз заминҳои лалмии аз боришот нимтаъмин 20-30 с/га бедаи ин алафро гирифтан мумкин аст.
Дар шароити заминҳои обии водии Ҳисор дар 2-3 дарав ҳосилнокии бедаи он то ба 100-150 с/га мерасад. Ҳосилнокии тухмии он дар шароити заминҳои лалмӣ ба ҳисоби миёна 8-10 с/га-ро ташкил медиҳад.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Алафи судонӣ то давраи панҷаронӣ суст месабзад ва алафҳои бегона метавонанд нашъунамои онро боздоранд. Сабзиши шадиди он аз давраи найчабарорӣ сар мешавад.
Алафи судонӣ зироати ба хушкию гармӣ тобовар буда, тухмии он дар ҳарорати 10-120С дар чуқурии зери хок кардани тухмӣ неш зада, баъди 6-
8 рўз майсаҳояш пайдо мешаванд. Сармои аз -30С зиёд майсаҳояшро нобуд месозад. Барои сабзишу инки-шофи он ҳарорати 25-300С мўътадил аст.
Алафи судонӣ растании кўтоҳрўз аст. Дар шароити аз гармию рўшноӣ таъмин будан, сабзиш ва инкишофи он афзуда, ҳосилнокиаш зиёд мегардад. Давраи дарави он баъди 60-70 рўзи пайдоиши майсаҳо ва пухта расидани тухмӣ 100-115 рўз аст. Алафи судонӣ аз дигар растаниҳо гардолуд шуда, ба хок талаботи кам дорад ва дар ҳама гуна намуду зернамудҳои хок, ба ғайр аз хокҳои ботлоқию бисёр шўр, ба хубӣ нашъунамо мекунад.

пешина
аз 314
навбатӣ