Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ин алаф ба нуриҳои нитрогенӣ ва фосфорӣ эҳтиёҷи калон дорад. Новобаста ба он, ки растании ба хушкӣ тобовар аст, дар шароити обӣ ҳосилнокиаш 3-4 маротиба меафзояд.
НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъҳои Хуҷанд ва «Одессӣ-25»
ноҳиябандӣ карда шудааст. Ин навъ дар Инспексияи умумииттифоқии давлатии навъсанҷӣ (ВСГИ) бо роҳи дурагакунии комбинатсияҳои гуногун рўёнида шудааст.
Муаллифонаш Фролов А. М., Венгеровский С. К. мебошанд. Ғайр аз Тоҷикистон он дар Қазоқистон, Ўзбекистон, Гурҷистон ноҳиябандӣ карда шудааст. Навъи миёнапаз аст. Растании баландпоя (махсусан дар шароити обӣ) буда, баъди дарав нағз сабзида, дар заминҳои лалмӣ ду ҳосил медиҳад. Мувофиқи маълумотҳои қитъаҳои навъсанҷии ноҳияҳои Совет ва Ёвон ҳосилнокии донаш то 60 с/га ва баргу пояи сабзаш ба 230 с/га мерасад. Дар қисми навъсанҷии Ҳисор (дар шароити заминҳои обӣ) аз ҳар як гектар дар 4 дарав 235,9 с беда, 766 с баргу пояи сабз гирифта шудааст.
Дар пажўҳишгоҳи кишоварзии Ставропол дурагаи намуди Судакс бо роҳи дурагакунии ҷуворӣ ва алафи судонӣ рўёнида шудааст, ки бо маҳсулнокии баландаш фарқ карда, то 700-800 с/га баргу пояи сабз медиҳад.
АГРОТЕХНИКА. Алафи судониро дар майдонҳои аз алафҳои бегона тоза ҷойгир мекунанд. Дар киштгардонҳои зироатҳои хўроки чорво баъд аз зироатҳои лўбиёдонагӣ ва байни қаторашон коркардашаванда хуб нашъунамо карда, ҳосили баланд медиҳад.
Алафи судонӣ намиро аз қабатҳои чуқури хок ҷаббида гирифта, хокро хушк мекунад. Бинобар ин пешинакишти номувофиқ буда, он дар киштгардонҳои саҳроӣ дар охири майдони кишт ҷойгир карда мешавад.
Тадқиқотҳои В.Н.Литвинов самаранокии киштҳои омехтаи онро бо зироатҳои яксолаи лўбиёдонагӣ-мушунг (нахўди хўроки чорво), алафи мунҷ, ки сифати хўрокиро аз ҳисоби зиёдшавии протеин баланд мекунанд, исбот намуд.

пешина
аз 314
навбатӣ