Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Бо сабаби он ки юнучқа соли якум суст сабзида, ҳосили кам медиҳад дар истеҳсолот онро бо алафи судонӣ (ҳамчун зироати муҳофиз) якҷоя кошта, 2-3 дарав мегиранд.
КОРКАРДИ ХОК. Коркарди хоки алафи судонӣ ба ҷуворӣ монанд аст. Шудгори тирамоҳӣ, ки дар чуқурии 25-30 см, ҳосилнокии онро зиёд намуда, 2-3 дарав медиҳад.
Пеш аз шудгор ба майдони кишт 10-15 т поруи пўсида ва 40 кг/га фосфор мепошанд, ки ин чорабинӣ ҳосилнокии алафи судониро меафзоёнад. Аввали баҳор майдонҳои шудгоршударо ду пай сихмола мекунанд. Пеш аз кишт дар чуқурии 5-6 см дар якҷоягӣ бо сихмола майдонҳоро нарм карда, дарҳол ба кишти он шурўъ менамоянд.
КИШТ. Кишт ба воситаи тухмиҳои баландсифати аз алафҳои бегонаи бештар зараровар тозашуда гузаронида мешавад. Пеш аз кишт тухмӣ ба воситаи ТМТД (1,5 кг барои 1 тонна тухмӣ) заҳролуд карда мешавад. Мўҳлати кишти баҳории он ҳангоми ҳарорати чуқурии киштбоби зери хок 10-120С будан оғоз меёбад.
Алафи судонӣ дар вилояти Хатлон дар даҳрўзаи сеюми март, ноҳияҳои вилояти Суғд ва водии Ҳисор-даҳрўзаи дуюми апрел ва ноҳияҳои кўҳӣ - аввали май кошта мешавад.
Меъёри кишти тухмӣ барои заминҳои обӣ ва заминҳои лалмии аз боришот таъмин 30-35 кг/га, лалмии аз боришот нимтаъмин - 12-14 кг/га ва лалмии нотаъмин 8-10 кг/га аст.
Дар киштҳои омехта 30 кг/га тухмии алафи судонӣ бо 10-12 кг/га алафи мунҷ ё 12-16 кг/га юнучқа бо 15-20 кг/га алафи судонӣ кошта мешавад. Киштҳои омехтаи алафи судонӣ бо лўбиёи чинӣ нисбатан самараноканд.
Чуқурии кишти тухмиҳо 4-6 см буда, дар хокҳои сернаму аз рўи таркиби механикиашон вазнин дар 3-4 см ва дар хокҳои сабук 5-6 см зери хок мекунанд.
НИГОҲУБИН. Нигоҳубини киштҳо то баромадани майсаҳо аз сафолакшиканӣ ба воситаи сихмолаҳо дар самти кўндалангии кишт иборат буда, ба растаниҳо дар давраи панҷазанӣ бо меъёри 35-40 кг/га нитроген медиҳанд.

пешина
аз 314
навбатӣ