Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Нуриҳо ба воситаи сихмола зери хок карда мешаванд.
Ба муқобили алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ (дар давраи 3-4 баргиаш) заҳрдоруи 2М-4Х (1,4-1,7 кг/га) истифода бурда мешавад. Дар киштҳое, ки ба усули васеъҷўяк гузаронида шудаанд, байни қаторҳоро 1-
2 маротиба нарм мекунанд. Дар шароити заминҳои обӣ ба киштҳои алафи судонӣ аз рўи меъёри 700-800 м3/га дар фосилаи 16-18 рўз 2-3 маротиба об мемонанд.
ҒУНУЧИН. Чун хўрокаи сабз алафи судонӣ дар давраи пеш аз пайдошавии ҷорўбакҳо ва ҳамчун беда дар давраи аввали пайдоиши ҷорўбакҳо даравида мешавад. Дар сурати риоя накардани ин мўҳлатҳо хўрокаҳо дурушт мешаванд.
Бо мақсади тез сабзидан ва пайдоиши ҳосили нав дар баландии 10-12 см аз сатҳи замин дарави аввал мегузаронанд. Дарави охирин дар баландии 5-6 см гузаронида мешавад. Ҳосил ба воситаи мошинаҳои бедадарав ва комбайнҳои силосғундор ҷамъоварӣ мешавад.
Дони алафи судонӣ ба воситаи комбайнҳои ғаллакўб дар давраи пухта расиданаш дар пояи асосӣ ғундошта мешавад. Риоя накардани мўҳлатҳои тавсияшуда боиси нобудшавии ҳосил мегардад.

пешина
аз 314
навбатӣ