Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

ЗИРОАТҲОИ РАВҒАНДОР ВА ЭФИРУ РАВҒАНДОР
Мавзўъ: ОФТОБПАРАСТ (ВАРТОҶ) (4 соат)
Аҳамият хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Технологияи парвариши юнучқа барои гирифтани пояю барги сабз ва дон.

Офтобпараст зироати муҳимтарину пурқиммати равғандор буда, асосан барои дони серравғанаш парвариш карда мешавад. Дар шароити Россия, Украина, Қавқози Шимолӣ, Молдавия ва дигар ҷумҳуриҳо офтобпараст ҳамчун зироати махсусан равғандор ба шумор меравад. Вобаста ба навъҳо, шароити иқлимию хокӣ ва парвариш дар таркиби донаш аз 45% то 50% ва дар таркиби мағзи донаш бошад то 70% равғани баландсифати нимхушкшаванда мавҷуд аст. Дар тухми навъҳо ва дурагаҳои ҳозир кошташаванда 56% равғани равшану зардчатоби хушсифату болаззат ва то 16% сафеда мавҷуд аст. Равғани офтобпараст дар соҳаи озуқаворӣ (равғани маргарин), саноати консервбарорӣ, рангу лак, собунпазӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Дар таркиби хокистари он 30-34% оксиди калий буда, ҳамчун нурии минералӣ истифода бурда мешавад. Гулбаргҳои зардаш, аҳамияти муолиҷавӣ доранд.
Кунҷораи офтопараст баъди коркарди тухмӣ дар таркибаш 6-7% равған, 35-38% сафеда дошта, барои чорвои хоҷагии қишлоқ хўрокаи серғизо мебошад. Кунҷораи аз мағзи тухмиҳои он ҳосилшуда барои ҳалвопазӣ истифода бурда мешаванд. Офтобпараст зироати беҳтарини асалдеҳ аст.
Вай ҳамчун зироати муқаррарии байни қаторҳояш коркардшавада барои дигар зироатҳо пешинакишти хуб аст.
Дар Тоҷикистон офтобпараст асосан барои тайёр кардани силоф парвариш мешавад. Силоси он аз сафеда ва каротин бой аст. Дар таркиби баргу пояи офтобпарасте, ки дар давраи гулкунӣ даравида мешавад 2,78% протеин мавҷуд аст. Ин меъёр нисбати баргу пояи аз заминҳои обӣ даравшуда 1,5-1,6 баробар зиёд аст. Як сентнер силоси офтобпараст 14-
16 кг воҳиди хўрокӣ дорад.
Ҳангоми ба ғарами силосбоби офтобпараст 20-25% хошоки ҷуворимакка (ҷуворӣ) ё пахоли майдарезашудаи гандум илова намудан, сифати силос баланд шуда, хўришаш барои чорво беҳтар мешавад.
Қисми ҷанубии Америкаи Шимолӣ ватани офтобпараст буда, дар солҳои чилуми асли XIX ба Россия оварда шудааст. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон офтобпараст зироати нав аст.
Асосан онро дар заминҳои лалмии вз боришот нимтаъмин низ мекоранд.
ҲОСИЛНОКӢ. Дар соли 2005 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2121 тонна тухми ғундошта шудааст. Ҳосилнокии он 10 с/га-ро ташкил кардааст.
Мувофиқи маълумотҳои Иттиҳодияи илмию-истеҳсолии «Зироаткор»- и ба номи академик А.Н.Махсумов дар ҳолати риояи дурусти агротехникаи парвариш, офтобпараст метавонад дар заминҳои лалмии аз боришот таъмини водии Ҳисор то 350 с/га ва дар заминҳои лалмии аз борищот нимтаъмин бошад то 200-250 с/га баргу пояи силосбоб диҳад. Хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Данғара ва Темурмалик аз ҳар як гектар 260-300 с баргу пояи сабзи силосбоб мегиранд.

пешина
аз 314
навбатӣ