Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Аз заминҳои лалмии аз боришот таъмин 8-10 с/га ҳосили дон гирифтан мумкин аст. Ҳатто ҳосилбардории миёнаи тухмӣ (10 с/га) аз нуқтаи назари иқтисодӣ самаранок мебошад.
НАВЪҲО. Олимони-тухмипарвари рус навъҳои равғанноки офтобпарастро («Старт», «Юбилей» ва ғ.) рўёнидаанд. Дурагаҳои «Почин», «Успех» аз рўи ҳосилнокию равғаннокиашон ба талаботи ягонаи ҷаҳонӣ ҷавоб медиҳанд.
Дар Тоҷикистон барои силос навъи равғании офтобпараст «Саратовии 169» парвариш карда мешавад. Ин навъ ба хушкӣ тобовар буда, ба заминҳои лалмӣ мутобиқ аст.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Офтобпараст зироати ба хушкӣ тобовару гармӣ ва рўшноидўсти кўтоҳрўз аст. Норасоии рўшноӣ ба растаниҳо таъсири бад расонида, боиси он мегардад, ки андозаи растаниҳо хурд ва ҳосилашон кам мешавад. Ҳангоми дар чуқурии ҷойгиршавии тухмиаш 60 С гарм будан ба нешзанӣ сар мекунад. Барои ниҳолҳои он сармои то - 60 С-ро ба осонӣ аз сар мегузаронанд. Дар давраи нашъунамояш ҳарорати 20-250 С мўътадил аст. Барои инкишофи пурраи растанӣ (аз нешзанӣ то давраи пурра пухтани тухми офтобпараст) 2200-26000 С ва аз давраи нешзанӣ- то пазиши силосӣ 1600-20000 С ҳарорати самаранок лозим аст.
Давраи хатарнок барои офтобпараст ҳангоми обталабӣ дар давраҳои аз пайдошавии сабадча (корзинка)- то гулкунӣ мебошад. Бо туфайли силсилаи пурқуввати решагӣ офтобпараст метавонад, ки аз қабати чуқури хок намиро ҷаббида гирад. Пояи мўякдор ва баргҳо растаниро аз ҳавои тафсону гармсел ҳифз мекунанд. Бинобар ин офтобпараст ба хушкии хокию-ҳавоии заминҳои лалмӣ тобовар аст. Араҷаи транспирансионии он 470-480 мебошад. Захираи об дар чуқурии 1,5-2 м дар доираи 70-
75 фоиз аз НК ҳосилнокии онро баланд мекунад.
Офтобпараст нисбат ба ҷуворимакка, ба сохтори таркиби хок камталаб аст. Ғайр аз хокҳои ботлоқӣ, шўр, регзор ва серсанг дигар ҳамаи намудҳои хоки ҳосилхези Тоҷикистон барои парвариши он мувофиқанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо