Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Офтобпараст, ки назар ба дигар зироатҳои хўроки чорво баргу пояи зиёд дорад, ба моддаҳои ғизогӣ серталаб аст. Дар давраи пайдоиши сабадча то пурра гулкунӣ талаботи растаниҳо ба нитроген меафзояд. Офтобпараст дар тамоми давраи нашъунамояш аз фосфор истифода мебарад. Талаботи растанӣ дар давраи пайдоиш ва пухта расидани тухмӣ нисбат ба калий меафзояд. Барои 1с тухмӣ додан (дар якҷоягӣ бо баргу поя) офтобпараст бояд аз хок 6 кг нитроген, 2,5 кг фосфор ва 1,8 кг калийро ҷабад.
Офтобпараст растании ғайримустақим гардолудшаванда аст. Вобаста ба тезпазии навъҳо ва шароити парвариш давраи пурраи нашъунамои офтобпараст чун тухмӣ дар киштҳои баҳорӣ 100-140 рўз ва барои силос дар давраи гулкунии сабадачаҳо 80-110 рўз тўл мекашад.
УСУЛҲОИ АСОСИИ ПАРВАРИШ. Дар киштгардонҳои заминҳои лалмӣ офтобпараст дар майдони коркардашаванда пас аз зироатҳои ғаллагии хўшадорон, лўбиёдонагиҳо (нахўд, наск) кошта мешавад. Барои боздории паҳншавии алафи бегонаи карантинӣ - гули харбуза тавсия мешавад, ки офтобпараст дар киштзори аввалааш танҳо баъди 6-7 сол такроран кошта шавад. Инчунин коштани он баъди зироатҳои полезӣ ва тамоку мумкин нест. Коркарди хок аз гузаронидани шудгори тирамоҳӣ дар чуқурии 26-28 см (дар аввали баҳор), сихмолакунӣ ва пеш аз кишт дар чуқурии 7-8 см муштарак бо сихмола, нарм кардан иборат аст.
Пеш аз шудгор барои парвариши офтобпарасти силосӣ дар заминҳои лалмӣ, 50-60 кг/га калий ва пеш аз нармкунии пешазкиштӣ 35-40 кг/га нитроген пошида мешавад. Бо меъёри 2-3 с/га пошидани поруи паррандаҳо ва хокистар низ тавсия мешавад.
Барои кишт тухмиҳои навъи 1-2-и ба талаботи ягонаи давлатӣ ҷавобгў истифода бурда мешаванд. Ба муқобили касалиҳои пўсиши сафед ва хокистарранг, мағорзании тухмиҳо, пеш аз кишт ба воситаи ТМТД, 80% (2-3 кг/т + 5-10 литр об) заҳролуд карда мешаванд.
Мўҳлати кишти баҳории офтобпараст ба мўҳлати кишти зироатҳои аввалибаҳорӣ рост меояд. Дар водию ноҳияҳои наздикўҳӣ кишт пеш аз зимистон ё дар зимистон гузаронида мешавад, ки аввали баҳор аз намии хок самаранок истифода бурда, 25-30 рўз пеш нисбат ба киштҳои баҳорӣ нашъунамо карда, самараи хуб медиҳад.

пешина
аз 314
навбатӣ