Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Киштзорҳои офтобпараст дар ин мўҳлатҳо аз хушкӣ кам осеб дида, ҳосили баланд медиҳанд. Ба ин гуфтаҳо натиҷаҳои хеле хуби ба дастовардаи хоҷагиҳои Данғара, махсусан хоҷагии ба номи «Мутиев» гувоҳӣ медиҳад. Офтобпараст бо усули васеъҷўякӣ байни қаторҳояш 45-60 см буда кошта мешавад.
Дар заминҳои лалмии аз боришот таъмин киштҳои пеш аз зимистон (охири тирамоҳ) гузаронида, дар шароити заминҳои обёришаванда бо усули васеъҷўяк (байни қаторҳояш 45 см) коштан, дар ҳар як метр 5-6 растанӣ гузоштан, ҳосилнокии офтобпарастро афзун мекунад. Дар заминҳои лалмии аз бориш нимтаъмин фосилаи байни қаторҳои офтобпараст бояд 60 см бошанд.
Вобаста ба ҳаҷми (калонии) тухмиҳо ва хусусиятҳои навъӣ дар ҳар гектар аз 8 то 14 кг тухмӣ мекоранд. Дар заминҳои лалмии аз бориш таъмин бо усули васеъҷўяки 60 сантиметра 8-10 кг/га, 45см - 12кг/га тухмӣ мекоранд. Барои мўҳлатҳои пеш аз зимистон меъёри кишти тухмӣ 10-15% зиёд карда мешавад. Барои кишт аз тухмипошакҳои дақиқкорандаи СУПН-8, СПЧ-6, СПЧ-6М истифода бурдан беҳтар аст.
Ин тухмипошакҳо барои кам сарф шудани миқдори муайяни тухмиҳои ба коштан тарҳрезишуда ва дар чуқурии 5-6 см зери хок шудани онҳо имкон фароҳам меоваранд.
НИГОҲУБИН. Нигоҳубини киштзорҳои офтобпараст аз сафолакшиканӣ ба воситаи сихмолаҳои сабук дар самти кундалангии ҷўякҳо сар мешавад. Сихмолакунии киштзор ҳатто баъди пурра пайдо шудани ниҳолҳо низ дар нимаи дуюми рўз баъди паст шудани тургори растаниҳо имкон дорад. Дар давраи нашъунамои офтобпараст киштзор ду маротиба нарм ва хишова карда мешавад. Ҳангоми нармкунӣ ҳадди ҳимоявӣ бояд қатъиян риоя карда шавад.
Дар давраи 1-2–баргагии офтобпараст ягонакунӣ ба воситаи тухмипошакҳои ғаллагӣ аҳамияти калон дорад. Ягонакунӣ бо нармкунӣ (дар чуқурии 10-12 см) мутобиқ карда мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ