Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Кунҷит ба воситаи тухмипошакҳои ғаллагию-алафӣ дар чуқурии 2,5-3 см бо усули васеъҷўяки байни қаторҳояш 45-60 см буда, бо маъёри 6-7 кг/га (2-2,5 млн. дони қобили сабзиш) бо назардошти дар як гектар 80- 100 ҳазор будани зичии ниҳолҳо гузаронида мешавад.
Бо мурури пайдошавии сафолак онро ба воситаи сихмолаҳои сабук мешикананд.
НИГОҲУБИНУ ҒУНУЧИН. Дар дазраи нашъунамои кунҷит 1-2 маротиба коркарди байни қатораҳо гузаронида мешавад. Дар он давра ба растаниҳо ғизо дода, байни катораҳо хишова карда мешавад.
Ба муқобили тортанаккана, ширинча, кирми ғўза, баргхўрак барин ҳашаротҳои зараровар дар киштзорҳо ба воситаи карбофос (50 фоиз э. к.
аз ҳисоби 0,6-1 л/га) коркард мегузаронанд. Дар шароити заминҳои обӣ ба киштзорҳо дар давраи сабзиши шадид-ғўнчабандӣ, гулкунӣ ва ба вуҷуд омадани тухмӣ, 3-4 маротиба бо меъёри 700-750 м3/га об мемонанд.
Дар киштзор зиёдшавии намнокӣ зарар дорад, ин ҳолат ба инкишофи замбурўғи фузариоз ва нобудшавии майсаҳо озврда мерасонад. Пухта расидани тухмӣ ва ба ғўнучинӣ он дер cap кардан, боиси кафидани кўсакҳо ва пош хўрдани дон мегардад. Ғўнучини ҳосили кунҷит вақте бояд cap карда шавад, ки кўсакҳои поёнии поя хокистаррангу нокафида бошанд ва тухмиҳо ранги муқаррарие пайдо кунанд кн ба нн навъ хос бошад. Азбаски тухмиҳои кунҷит баробар пухта намерасад, беҳтар мебуд, ки ҳосили он бо усули дудаврагӣ ғундошта шавад. Дар ғарамҳо дони кунҷит нағз мепазад. Дар қитъахҳи хўрд кунҷити даравидашуда бояд дар шакли дарзаҳои хурд баста шуда, баъд дарҳол дар ғарамикалон ҷамъ оварда шавад. Кўсакҳои хушкшуда ба воситаи мошинаҳои кубанда ё дастӣ куфта мешаванд. Пеш аз ба анборҳо кашонидан тухмиҳоро аз омехтаҳои иловагӣ тоза карда, намнокии онҳоро то 8-9 фоиз кам кардан даркор аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо