Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мавзўъ: МАЪСАР (САФЛОР) (2 соат) Аҳамият, хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Усулҳои парвариши маъсар дар заминҳои лалмӣ.

Маъсар асосан барои аз донаш гирифтани равған парвариш карда шуда, аҳамияти калони озуқаворӣ ва саноатӣ дорад. Дар таркиби тухми маъсар 30-35 фоиз (мағзи тухмаш 50-54%) равғани нимхушкшаванда ва то 12% сафеда мавҷуд аст. Сифати равғании мағзи донаш аз равғани офтобпараст мондани надошта, дар тайёр кардани таомҳо ва равғани маргарин истифода бурда мешавад.
Равғани дони пўстдори он таъми талх дорад ва дар саноатӣ лаку ранг, собунпазию истеҳсоли линолиум истифода бурда мешавад.
Тухмиҳои маъсар барои мурғон хўрокаи пурқимматанд. Аз гулҳои маъсар моддаи зарде-(картомин) истеҳсол мешавад, ки барои рангубордиҳӣ дар саноатӣ қолинбофӣ истифода мебаранд. Аҳолии Осиёи Миёна онро дар истеҳсоли маводҳои қаннодӣ ҳамчун ивазкунандаи заъфар (шафран) истеъмол мекунанд.
Кунҷораи маъсар хўрокаи серғизои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ аст.
Таъми талх дорад, аз ин рў онро ба чорво кам-кам мехўронанд.
Пасмондаҳои он баъди коркард, хўрокаи пурқиммати гусфандон мебошад ва ҳамчун растании чарогоҳӣ низ парвариш ёфта, барои ҳайвоноти хурди шохдор хўрокаи хеле хуб аст. Вақти давраи ғунчабандӣ дар баргу пояи сабзи маъсар 74,5% об; 3,1% равған; 7,2% ғоз (клетчатка) ва 12,2% моддаҳои бенитрогении экстративӣ мавҷуд аст. Як сентнери он 23кг воҳиди хурокӣ ва 5,3г. протеини ҳазмшаванда дорад.
Маъсар ҳамчун зироати байни қаторҳояш коркардшаванда дар киштҳои васеъҷўяк имконият медиҳад, ки майдонҳо аз алафҳои бегона тоза шаванд. Маъсар дар Ҳиндустон, Миср, Хитой зироати қадимӣ аст.
Дар Туркистон пеш аз ба Россия ҳамроҳ шудан ин зироат маълум буд.
Дар солҳои охир маъсар асосан дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон парвариш карда мешавад.
Кишти маъсар дар Тоҷикистон афзуда истодааст ва он дар заминҳои лалмии аз бориш нимтаъмини ноҳияҳои ғаллакорӣ вилояти Суғд кошта мешавад. Дар соли 2005 дар Тоҷикистон маъсар дар масоҳати 3 ҳ.гектар парвариш карда шуда, ҷамъоварии умумии он ба 5068 т расонида шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои қитъаҳои минтақавии навъсанҷӣ (Панҷакент) маъсар дар солҳои мусоид аз ҳар гектар 5-6 с ҳосили тухмӣ додааст. Дар таҷрибаҳое, ки дар заминҳои лалмии аз бориш таъмини водии Ҳисор гузаронида шудаанд, ҳосилнокии тухмии он то ба 8-12 с/га расидааст.
Зарурати инкишоф додани саноати лаку ранги ҷумҳурӣ тақозо мекунад, ки масоҳати майдонҳои ин зироати ба хушкию гармӣ тобовар на танҳо дар заминҳои лалмии аз бориш таъмин, балки дар заминҳои лалмии аз бориш нимтаъмин низ зиёд карда шуда, усули парвариши он мукаммал гардонида шавад.

пешина
аз 314
навбатӣ