Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъи Шифо ноҳиябандӣ карда шудааст.
Навъи Милютинии-114 низ паҳн шудааст. Навъи Милютинии-114 дар Пажўҳишгоҳи зироатчигии Ўзбекистон бо усули интихоби инфиродӣ аз намунаҳои мисрии Пажўҳишгоҳи умумииттифоқии растанипарварӣ (ВИР) рўёнида шудааст. Муаллифаш Мамонт Я.Т. мебошад. Дар ҷумҳурии мо он соли 1950 барои парвариш дар вилояти Суғд ноҳиябандӣ карда шудааст, ки қадди растанӣ 42-70 см буда, сабадчааш маноршакли бехор аст. Ранги гулҳояш норинҷии сурх буда, тухмиҳояш сафеданд.
Вазни 1000 дона тухмиаш 40-52г аст. Дар тухмаш 30-34% равған дорад.
Ба хушкӣ тобовар буда, давраи нашъунамояш то 116 рўз аст.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Нисбати дигар зироатҳои равғандор маъсар растании ба хушкию гармӣ тобовартарин буда, ба иқлими континенталии хушк мутобиқ аст. Аз ин рў вай дар заминҳои лалмии аз намӣ нимтаъмин низ парвариш карда мешавад.
Маъсар дар баҳор баробари дигар зироатҳои аввалибаҳорӣ ҳангоми дар чуқурии 6-8 см то 4-5°С гарм шудани ҳарорати хок кошта мешавад.
Талабот ба гармӣ дар давраи гулкунӣ-пухтани тухмиҳо меафзояд.
Ниҳолҳояш дар баҳор сармоӣ -4-5°С-ро аз cap мегузаронанд.
Маъсар растании кўтоҳрўз аст. Вай ба сохтори хок талаботи кам дошта, дар хокҳои гуногун нашъунамо мекунад. Дар хокҳои турш, оби зеризаминиашон наздик парвариши он тавсия намешавад. Хокҳои хокистарранг барои нашъунамои он беҳтаринанд.
Маъсар аз гарди дигар растаниҳо ба воситаи ҳашаротҳо гардолуд мешавад.
Вобаста ба навъҳо ва шароитӣ парвариш давраи пурраӣ нашъунамои навъҳои миёнапаз дар киштҳои баҳорӣ 110-130 рўз ва навъҳои миёнаюдерпазаш 140-145 рўз давом мекунад. Дар растанӣ гулкунӣ аз сабадчаҳои пояи асосӣ cap шуда, баъд дар сабадчаҳои шохаҳои паҳлўи давом меёбад.

пешина
аз 314
навбатӣ