Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Маъсар бо туфайли силсилаи решагии нағз инкишофёфтааш аз захираи намӣ ва моддаҳои ғизоии хок хуб истифода мебарад.
Новобаста ба он, ки маъсар растании ба хушки тобовартарин аст, дар заминҳои обӣ ҳосилнокиаш 2-3 маротиба зиёд мешавад. Дараҷаи транспирасионаш дар доираи 500 аст.
ХУСУСИЯТҲОИ АГРОТЕХНИКӢ. Маъсар дар киштгардон майдонҳои коркардшаванда баъд аз зироатҳои ғаллагии хўшадор, лўбиёдонагиҳо, юнучқа ва зироатҳои байни қаторашон коркардшаванда (ҷуворимакка, ҷуворӣ) ҷойгир карда мешавад.
Коркарди хок барои кишти аввали баҳории он аз гузаронидани шудгори тирамоҳӣ дар чуқурии 26-28 см, нармкунии пеш аз кишт бо сихмола дар чуқурии 6-8 см иборат аст.
Пеш аз шудгор ба майдонҳо 40-50 кг/га фосфор ва пеш аз нармкунини пеш аз кишт 35-40 кг/га нитроген мепошанд.
Вақти кишти маъсар ба мўҳлатҳои кишти зироатҳои ғалладонагии аввали баҳорӣ мувофиқ аст. Бо мурури дар чуқурии ҷойгиршавии тухмиҳо 4-5°С будани ҳарорат ба кишт cap мекунанд. Аз мўҳлатҳои муносиб дер cap кардани кишт боиси норасоии намӣ, паҳншавии алафҳои бегонаю ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ, суст инкишофёбӣ ва камҳосилии маъсар мегардад.
Дар минтақаҳои ҳамвори заминҳои лалмии аз намӣ таъмин, кишти он дар мўҳлатҳои охири тирамоҳ ва пеш аз зимистонӣ (ноябр ва декабр) натиҷаҳои хуб медиҳанд. Чунин кишт имконият медиҳад, ки растаниҳо дар баҳор нағз инкишоф ёфта, аз намии хок беҳтар истифода баранд ва аз хушкӣ кам осеб дида, нисбатан ҳосили баланд диҳанд.
Хуб мешуд, ки маъсар бо тухмипошакҳои аниқкорандаи тухмӣ (СУПН-8, СПЧ-6М) бо усули васеъҷўяи байни қаторҳояш 45-60 см ва барои хўроки чорво 30 сантиметрӣ кошта шавад. Меъёри кишти тухмӣ барои дон 8-12 кг/га, барои беда, силос, хўрокаи сабз то 14 кг/га мебошад.

пешина
аз 314
навбатӣ