Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Тухмиҳо дар чуқурии 5-6 см зери хок карда мешаванд. Мувофиқи маълумотҳои стансияи таҷрибавии Милютини Ўзбекистон, барои тухмӣ ҷойгиркунии растаниҳои маъсар бо нақшаи 60X20 см (зичии ниҳолҳо 70-
80 ҳазор растанӣ дар 1 га) натиҷаҳои хуб медиҳад.
Дар қитъаи навъсанҷии давлатии ноҳияи Темурмалик, дар заминҳои лалмии аз бориш таъмин, кишти маъсар аз рўи нақшаи 45х15 ва 45х10 см натиҷаи хуб додаанд. Ҷойгиркуни растаниҳо аз рўи нақша зичии ниҳолҳоро мутаносибан дар 1 гектар то 130-200 ҳазор дона зиёд мекунад.
Дар таҷрибаҳои М.Норов (2006) дар заминҳои лалмии водии Ҳисор дар солҳои хушки 10,4 т/га массаи биологӣ рўёнида шудааст. Дар тақиқотҳо зичии ниҳолҳо ба 12- ҳ.растанӣ баробар буд ва кишт 20 декабр гузаронида шудааст. КТМ-и РФФ ба 1,71% баробар аст.
НИГОҲУБИНУ ҒУНУЧИН. Агар дар киштзор сафолак пайдо шавад, онро тавассути сихмолаҳои сабук мешикананд. Дар киштҳои васеъҷўяк (дар давраи нашъунамо) ба воситаи нармкунакҳо байни қаторҳо 1-2 маротиба нарм карда мешаванд.
Тухмиҳои маъсар дар вақти пухта расидан пош мехўранд. Ҳангоми пурра пухтани тухмӣ ба ғунучини он cap мекунанд. Аз рўи зардшавии растаниҳо, сабадчаҳо ва пайдо шудани ранги муқаррарии тухмиҳо вақти ғунучини ҳосил муайян карда мешавад.
Маъсар бо усули якдаврагӣ бо комбайнҳои ғалладарав ва ҳамчун хўрокаи чорво бо мошинаҳои алафдарав ё комбайнҳои силосдарав дар давраи пайдоиши сабадчаҳо ҷамъоварӣ мешавад.
Дар кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон имконоти дар давоми сол гирифтани ДК ҳосили дони зироатҳои равғандор омўхта шудааст. Тавсия мешавад, ки тирамоҳ (ва дар зимистон) зағир, маъсар, рапс, офтобпараст ва баъди ғунучини ҳосили онҳо дар охири июн ва авали июл кунҷит ва маъсар кошта шавад.

пешина
аз 314
навбатӣ