Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзўъ: Р А П С (2 соат)
Аҳамият, хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Усулҳои парвариши рапс барои гирифтани хурокаи сабз ва дон.
Рапс зироати пурбаҳои равғандор аст. Равғани он ҳамчун озўқаворӣ ва дар саноати бофандагӣ, пўст ва инчунин дар дигар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Тухмии рапс дар таркибаш 40-45 фоиз равған ва 20 фоиз сафедра дорад. Кунҷораи он барои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ хўрокаи пурбаҳои
серғизо аст. Баромади кунҷора аз тухми 50-60 фоизро ташкил мекунад ва он дар таркибаш 40 фоиз сафедра дорад.
Дар аксар мавридҳо рапсро ҳамчун зироати хўроки чорво парвраиш мекунанд. Дар шароити Тоҷикистон дар баъзе мавридҳо рапсро ҳамчун зироати хўроки чорво дар минтақаҳои пахтапарварӣ дар системаи дар давоми сол пурра истифодабарии заминҳои корами обӣ ва ҳамчун зироати фосилавии дар фасли зимистон нашъунамокунанда кошта мешавад.
Дар соли 1980 оапс дар майдони 2700 гектар парвариш карда мешуд.
Рапс ҳамчун зироати фосилавӣ то саршавии кишти пахта метавонад баргу пояи сабзи зиёд ғун куна два он дар давраи норасоии хўрокаҳо истифода бурда мешавад.
Дар 100 кг баргу пояи сабзи рапс 14-16 воҳиди хўрока мавҷуд аст.
Баргу пояи сабзи он дар тайёр кардани силос ва орди алаф агар низ истифода мешавад. Рапс зироати беҳтарини асалдеҳ аст.
Тибқи маълумотҳои мавҷуда ватанӣ рапс минтақаи баҳримиёназамин аст. Аз ин минтақа он ба Ҳиндустон, минбаъд ба Аврупо ва мамлакатҳои Осиё ворид шудааст. Дар Россия аввалҳои асри XI X ба парвариши рапс шурўъ намудаанд.
Дар ҷаҳон масоҳати масоҳати майдонҳои парвраиши он қариб 13 млн.гектарро ташкил мекунанд. Масоҳатҳои асосии парвариши рапс дар Ҳиндустон, Хитой, Канада ҷойгир карда шудаанд.
Дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон рапс ҳамчун зироати асосии равғандор парвариш карда мешавад. Дар масоҳатҳои калон онро дар вилоятҳои Ғарбӣ парвариш мекунанд ва аз гектар 16-17 сентнер дон мерўёнанд. Дар хоҷагии «Путь к коммунизму»-и ноҳияи Бардигеви вилояти Житомер аз майдони 20 га 25 сентнери ҳосили дон гирифтаанд.
Дар дурнамо дар Тоҷикистон нисбат ба рапс ҳамчун зироати равғандор таваҷҷўҳи бисёр ҷудо карда мешавад. Чунки шароити хокию иқлимии ҷумҳурӣ барои парвариши он бисёр мусоиданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо