Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Рапс (Броссика моруя) зироати яксола буда, ба оилаи Салибгулҳо (чилликгулҳо) мансуб аст. Шаклҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ дорад. Рапси тирамоҳӣ нисбат шакли баҳориаш серҳосилтар аст ва аз ин рў бештар паҳн гардидааст.
Рапс тиррешаи нағз инкишофёфта, метавонад то чуқурии 1,5-2 м дар қаъри хок реша ронад. Новобаста ба ин анбўҳи асосии решаҳо дар қабати шудгоршаванда ҷойгир мешаванд. Рапси тирамоҳӣ дар тирамоҳ гарданаки баргдор пайдо мекунад ва минбаъд дар баҳорон пояи гулбари он қад мекашад. Пояи он қабати мумӣ дорад ва то давраи гулкунӣ баландии он то ба 140-150 см мерасад. Баргҳояш ранги сабзи равшанӣ доранд. Онҳо низ чун пояҳо бо қабати мумӣ пушонида шудаанд.
Мевааш ғилофаки нугтез аст. Пас аз пухта расиданаш мекафад ва тухмиҳояш мош мекунанд. Тухмҳояш майда, куррашакланд, ранги сиёҳ, сиёҳи равшан ё сурхи ҷигарранг доранд. Вазни 1000 донааш ба 3-7 с. баробар аст.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Рапс растании рўзи дароз аст. Ба намӣ, махсусан дар давраи гулкуниаш ва ба моддаҳои ғизоӣ талаботи зиёд дорад. Коэффисиенти транспиратсионаш ба 700 баробар аст.
Давраи нашъунамои рапс баҳорӣ аз пайдоиши майсаҳо то пайдоиши пояҳо 35-40 рўз давом мекунад. Пас аз пайдоиши поҳо ғуншавии шадиди баргу пояҳо мушоҳида карда мешавад. Давраи пурраи нашъунамоящ вобаста ба навъ ва шароити парвариш 90-100 рўз тўл мекашад.
Тухмипаҳои рапс дар ҳарорати гармии 2-30 С неш мезананд. Майсаҳо ҳарорати сармоиро (то 50 С) ба осонӣ аз сар мегузаронанд. Растании рапс дар ҳарорати 2-30 С гармӣ ба хубӣ нашъунамо намуда, ба ҳарорати сармоии тирамоҳиро то ҳадди 6-80 С тоб оварда метавонанд. Аз ин рў рапс дар ноҳиҳои водигии минтақаи Ҷануби ҷумҳурӣ метавонанд анбўҳи зиёди баргу пояи сабз ғун кунанд ва бо ин васила шароити мусоиди охири тирамоҳ, зимистон ва авали баҳори солро самаранок истифода мебарад.
Рапси тирамоҳӣ ба ҳарорати то-10-150 С хунукӣ тоб оварда метавонад. Дар шароити ноҳияҳои Ҷанубӣ, Марказӣ, ки зимистони нисбатан мулоим доранд, зимистон ба хубӣ мегузаронанд.

пешина
аз 314
навбатӣ