Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Рапс аз рўи ба зимистон тобовариаш аз ҷав ва сулӣ монданӣ надорад. Рапс ба гармӣ кам талабот дорад. Дар тобистон барои рапс ҳарорати 16-200 С гармӣ мусоид аст.
Дар ҳолати гузаронидани кишти тирамоҳии рапс тухмиҳои он дар охири июн пухта мерасанд.
Рапси тирамоҳӣ дар хокҳои ҳосилхез хуб нашъунамо мекунад.
Нашъунамои рапс тирамоҳ ва баҳор дар ҳарорати 2-30 С гармӣ Сар мешавад. Баъди ду ҳафта пояҳо ва шонабандӣ сар мешавад. Гулкунӣ 25-
30 рўз давом ёфта, то пухта расидани тухмҳо пас аз гулкунӣ боз як моҳи дигар лозим аст.
Рапс нисбат ба нуриҳо махсусан, ба нуриҳои нитрогенӣ ва калийгӣ серталаб аст. Барои пайдошавии 1 сентнер дон дар якҷоягӣ бо анбўҳӣ баргу поя аз хок 5-6 кг нитроген, 2-2,4 кг фосфор ва 4 кг калийро ҷабида мегирад.
Мувофиқи маълумотҳои Пажўҳишгоҳи Умумироссиягии нуриҳо рапс барои 1 сентнер моддаи хушк 2,6 кг нитроген, 0,9 кг фосфор ва 3,9 кг калийро истифода мебарад.
НАВЪҲО. Тибқи маълумотҳои санҷиши истеҳсолӣ дар шароити Тоҷикистон барои парвраиш намудан бо мақсади истеҳсоли хўрокаҳо навъҳои зерин бештар парвраиш карда мешаванд: рапси баҳорӣ-Регина, К-4171 ва рапси тирамоҳӣ- Эстергаза, Матодор, Лемкбе. Барои тухм дар шароити Кубан навъи Кубании рапси баҳорӣ-Беззруков парвариш карда мешавад. Навъҳое, ки дар таркибашон фоизи баланди туршии эрукавӣ доранд барои истеҳсол равған парвариш карда намешаванд.
Дар ноҳияҳои асосии парвариши рапс дар Россия аз навъҳои тирамоҳии рапс, навъҳои зерин ноҳиябандӣ карда шудаанд: Дублянӣ, Нимерчинӣ, Киевӣ-18, Юбилей ва Снитинӣ ва ғайра.
ХУСУСИЯТҲОИ АГРОТЕХНИКӢ. Рапс тирамоҳиро барои тухмӣ пас аз заминҳои дамдодашуда, алафҳои бисёрсолаи лўбиёгӣ, зироатҳои силосбоб, ғаллагиҳои хўшадор парвариш мекунанд. Дар шароити Тоҷикистон онро пас аз зироатҳои сабзавотӣ, хўроки чорво, ғаллагиҳои тирамоҳӣ ва ҷуворимаккаи ангорӣ ҷойгир мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо