Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар шароити истеҳсолот парвраиши он дар байни қаторҳои пахта ва ҷуворимаккаи нашъунамокунанда низ ба роҳ монда шудааст.
КОРКАРДИ ХОК. Рапс ба коркарди хок эҳтиёҷи калон дорад.
Усулҳои коркарди хок аз инҳо иборат аст: коркарди рўякии пояҳо пас аз ғунучини ҳосили зироати пешинакишт; шудгори хушсифат дар чуқурии 30-35 см; култиватсия бо сихмола ва ҳамкунии дақиқи сатҳи болоии хок.
НУРИҲО. Рапс ба истифодаи нуриҳо талаботи зиёд дорад. Реҷаи ғизои рапс дар шароити Тоҷикистон омўхта нашудааст. Мувофиқи тавсияномаҳои Пажўҳишгоҳи Умумироссиягии зироатҳои хўроки чорво бояд дар шароити минтақаҳои ға йрисиёҳхоки Россия пеш аз шудгор то
90 кг фосфор андохта шавад. Нуриҳои калийдор ва боқимонда фосфор ва 50 кг нитрогенро пеш аз кишт ба хок мепошанд. Боқимондаи меъёри солонаи нуриҳои нитрогениро (60-90 кг/га) дар ғизодиҳо истифода мебаранд. Дар вақти ба танзим даровардани реҷаи ғизои дар ҳар шароити аниқи хокию иқлимӣ ба эътибор гирифтани зироати пешинакишт, дараҷаи ҳосилхезии хок, хусусиятҳои навъӣ ва дараҷаи ҳосили ба нақша гирифташуда аҳамияти калон дорад.
Мувофиқи тавсияномаи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти парвариши рапс барои истеҳсоли хўрокаҳо чунин меъёрҳои нуриҳо мақсаднок аст: 60 кг/га фосфор пеш аз шудгор ва дар ҳолати парвариши рапс дар байни қаторҳои пахта ва ҷуворимаккаи нашъунамокунанда- 40 кг/га фосфор ва 80-120 кг/га нитроген авали баҳор дар вақти ғизодиҳӣ.
МЎҲЛАТ ВА УСУЛИ КИШТ. Барои шароити водии Ҳисор, минтақаи Кулоби водии Хатлон мўҳлати оптималии кишти тирамоҳии рапснимаи дуюми моҳи сентябр ва барои водии Вахш- даҳрўзаи авали моҳи октябр ба шумор мераванд. Рапси тирамоҳиро чун анъана пеш аз зироатҳои ғаллагии тирамоҳӣ мекоранд. Ин амалро бо он мақсад мегузаронанд, ки то саршавии зимистон рапс бояд гарданаки баргдор майда намуда тобовариаш ба зимистон пурзўр шавад.

пешина
аз 314
навбатӣ