Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Рапсро бо усули қатории яксара мекоранд. Дар ҳолат вобаста вазни 1000 дона тухми меъёри он 7-12 кг/га-ро ташкил мекунад. Дар вақти истифодаи усули васеъбар (45 см) дар ҳар гектар 6-7 кг тухми истифода бурда мешавад. Тухмиҳоро дар чуқурии 2-3 см зери хок карда мешавад.
Кишт бо тухмипошакҳои алафию донӣ гузаронда мешавад. Дар яе вақт бо кишт барои обмонӣ ҷўяк кашида мешавад.
Ба мақсади ба даст овардани ҳосили баланди баргу пояи сабзи хушсифат дар шароити истеҳсолот рапсро бо ҷавдор, сулӣ, ҷав низ якҷоя мекоранд.
Дар шароити заминҳои обӣ пас аз кишт фавран бо меъёри оптималӣ ва бо мақсади яксара намнок кардани сатҳи хок об мемонанд.
НИГОҲУБИН. Дар давраи тирамоҳ киштзорро 2-3 маротиба бо меъёри 600-700 м3/га об мемонанд. Дар сурати пайдо шудани сафолак то майдашавии майсаҳо онро тавассути сихмолаҳои сабук мешиканд. Барои нест кардани алафҳои бегона пеш аз коркарди пеш аз киштигербисиди трефлан бо меъёри 2-3 л/га истифода бурда мешавад. Дар киштҳои васеъҷўяк 2-3 маротиба коркарди байни қаторҳо гузаронида мешавад.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Давраи пухта расидани ҳосили рапс бисёр тўл мекашад. Дар ҳолати дер мондан ғилофакҳо мекафанд, дон пош мехўрад ва дар натиҷа ҳосил паст мешавад. Ба ғунучини ҳосил чун анъана дар вақти пурра расидани тухмиҳо шурўъ менамоянд. Дарав ба воситаи комбайнҳои ғалладарав, ки барои дарави зироатҳои майдадон мувофиқ кунонида шудааст, гузаронида мешавад. Дар шароити ҳавои хушк даравро бо усули алоҳида дар ду давра мегузаронанд. Донро аз ғаранчаҳо дар вақти намнокии тухмиҳо ба 35-40 фоиз баробар шудан ва тахминан
50 фоизи ғилофактҳо дар растаниҳо ранги лимуии зардро дорогаштанашон, ҷудо мекунанд. Фавран пас аз ҷудо кардани тухмии он тоза ва то намнокии на аз 12 фоиз зиёд хушк карда мешавад.
Барои хўрокаи сабз рапс дар давраи авали гулкунӣ ва барои силос дар давраи пурра гулкунӣ даравида мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо