Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Пас аз парвариш намудани рапс шумораи алафҳои бегона кам ва аз
ҳисоби боқимондаи пояҳою системаи решагӣ дар хок миқдори моддаҳои

органикӣ зиёд мешавад. Аз ин рў рапс барои пахта зироати хуби пешинакишт ба шумор меравад.
Мавзўъ: АРАХИС – ЧАРМАҒЗИ ЗЕРИЗАМИНИ. (2 соат) Аҳамият, хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Усулҳои парвариши чормағзи зеризаминӣ.
Чормағзи зеризамини-зироати пурқимати равғанӣ ба ҳисоб меравад. Дар таркиби тухми 48-60 % равған ва 25-35 % сафеда мавҷуд аст.
Равғани он дар соҳаи консервабарорӣ, собунпазӣ, равғанбарорӣ ва тиб истифода мешавад. Кунҷораи он дар таркибаш то 45% сафеда ва 8% равған дорад. Аз он ҳалво, торт ва дигар маҳсулоти кондитерӣ тайёр карда мешавад. Ғилофакҳои он дар шакли табии низ истифода мешаванд.
Ватани чормағзи зеризаминӣ Америкаи ҷанубӣ буда он бадтар аз Чин ба Осиё омадааст. Баъзан онро чормағзи Чинӣ низ меноманд.
Майдони умумиҷаҳони он 19 млн/га мебошад, ки дар Ҳиндустон, Индонезия, Осиёи миёна, Япония, Чин ва Карея парвариш карда мешавад.
Ҳосилнокии миёнаи он 15-18 ц/га ташкил медиҳад. Дар заминҳои оби 35-40 ц/га ҳосили ғилофак гирифта мешавад. Дар Узбекистон (вилояти Андиҷон) то 61 ц ҳосили ғилофаки ҷормағзи зери замини гирифта шудаст.
Хусусиятҳои биологӣ.Чормағзи зеризамини зироати алафии яксола аз оилаи ғилофакдорон мебошад. Чормағзи зеризаминӣ зироати гармидуст, рушноидуст ва намидусти рузи кўтоҳ мебошад.
Дони он дар ҳарорати 120 С ба сабзиш шурўъ менамояд. Майсаи он дар ҳарорати -10С хунукӣ нобуд мегардад. Ҳарорати мўътадил барои вай 25- 280 С мебощад. Ҳангоми паст будани ҳарорат(12) ғилофакҳо ба вуҷуд намеоянд. Тирамоҳ ҳангоми-30С хунук шудани ҳарорат дон қобилияти сабзишашро гум мекунад. Талабот нисбат ба нами дар давраи гулкунӣ ва ба вуҷуд омадани ғилофак зиёд мегардад. Давраи нашъунамо 120-160-рўз мебошад.

пешина
аз 314
навбатӣ