Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аввали баҳор майдонҳои шудгоршударо дар самти кундаланги шудгор ба воситаи сихмолаҳои дандонадор сихмола мекунанд.
Хок бо мурури расиш дар баҳор ба воситаи олотҳои вазнини чархдор ё нармкунакҳо дар чуқурии 12-14 см муштарак бо сихмола нарм карда мешавад.
Се-чор рўз пеш аз шинондаии кўчатҳо майдонҳоро муштарак бо сихмола нарм карда, барои обмонӣ ҷўякҳо мекашанд. Бар зидди алафҳои бегонаи яксола, ғаллагӣ ва баъзе яксолаи дупаллагӣ 5-10 рўз пеш аз шинондаии кўчатхо ба хок заҳрдоруи эрадикан (5-7 л/га моддаи таъсиркунанда) меандозанд. Барои нест кардани алафҳои бегонаи яксолаи ғаллагӣ ва баъзе дупаллагиҳо (то шинондани кўчатҳо) заҳрдоруи Дуал, (2,1-3,1 л/га) истифода бурда мешавад.
НУРИҲО. Тамоку ҳамчун зироати техникӣ ба нуриҳо талаботи зиёд дорад. Меъёри нуриҳо бо усули ҳисобӣ, бо назардошти ҳосилнокӣ ва истифодабарии моддаҳои ғизоӣ муайян карда мешавад. Барои пайдо шудани 1 тонна барги тамоку он бояд аз хок 40-45 кг нитроген, 17-20 кг фосфор ва 60-65 кг калийро ҷаббида гирад.
Нитроген ҳосили тамокуи заминҳои камҳосилро зиёд мекунад. Аз меъёр зиёд истифода бурдани он тамокуро шахшул намуда, миқдори никотину сафедаро зиёд, карбогидратҳоро кам карда, ашёи хомро бадсифат (аз чиҳати бўй) мекунад.
Фосфор инкишоф ва пухта расидани баргҳои растаниро тезонда, миқдори карбогидратҳои баргро зиёд ва сабзиши решаро тезонад ҳам, фосфори барзиёд истифодашуда сифати молӣ вв истифодаи (сўхтани сигарет) онро бад мекунад.
Калий инкишофи растаниро метезонад, ба касалиҳо онро устувор намуда, сифат ва сўхтани тамокуро беҳтар мекунад. Таҷрибаҳои Ю.Сайфов дар ноҳияи Панҷакент нишон доданд, ки 120 кг/га N, 120 кг/га Р2О5 ва 120 кг/га К2О барои тамоку меъёрҳои мўътадиланд. Ин меъёрҳо имконият доданд, ки баргҳ 8-10 рўз пеш пазанд.

пешина
аз 314
навбатӣ