Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Зиёд истифода кардани нитроген (то 150 кг/га) ҳиссаи навъҳои олии ҳосили баргро кам кард.
Пеш аз шудгор меъёри солонаи нуриҳои органикӣ (25-30 т/га), 70 фоиз нуриҳои фосфорӣ ва тамоми меъёри солонаи нуриҳои калийдор ба хок андохта мешаванд. Истифодаи нуриҳои калийгии хлордор дар парвариши тамоку тавсия намешаванд, зеро онҳо сифати /ашёи хомро бад мекунанд. Ними меъёри солонаи нуриҳои нитрогенӣ пеш аз нармкунӣ (то шинонданни кўчатхо) ва боқимондааш дар вақти ғизодиҳӣ ба хок андохта мешаванд. Дар давраи нашъунамои ғунчабандӣ ва оғози гулкунӣ ба растаниҳо аз ҳисоби 35 кг/га нитроген ва 20-25 кг/га Р2О5 ғизо медиҳанд.
Ба растаниҳо дер додани ғизои нитроген пухта расидани баргҳои онро бозмедорад. Истифодаи хокистари печҳо бо меъёри 5-6 с/га ва поруи паррандагон 4-5 с/га низ дар ғизодиҳӣ аҳамият дорад. Дар ҳолати истифода бурдани нуриҳои органикӣ ва ҷойгиркунии тамоку меъёри нуриҳои нитрогению фосфорӣ мутаносибан кам карда мешаванд.
Дар оянда ба татбиқи истифодаи нуриҳои сабз (сидиратсия) таваҷҷўҳи зиёд намудан лозим аст. Кишти навъҳои ба зимистон тобовари мушунг, алафи мунҷ ҳамчун зироатҳои фосилавӣ имконият медиҳанд, ки дар ҳар гектар 200-250 с баргу пояи сабз ҳосил шавад. Шудгори ин миқдор баргу пояи сабз ду-се ҳафта пеш аз шинондани кўчатҳои тамоку хосиятҳои физикию ҳосилхезии хокро беҳтару зиёд карда, зарурати истифодабарии нуриҳои минералии нитрогениро аз байн мебардорад.
КЎЧАТШИНОНӢ. Ба кўчатшинонӣ вақте cap мекунанд, ки ҳарорати қабати хок дар чуқурии 8-10 см ба 10-12°С расида, сармоҳои хатарнок бартараф шуда бошанд.
Одатан кўчатшинонӣ 15-20 рўз давом мекунад. Мўҳлатҳои тақвимии кўчатшинонӣ ба шароитн хокию иқлимии минтакаҳо вобаста аст. Дар минтақаҳои ҳамворе, ки дар баландии 800-1000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, кўчатҳо аз даҳрўзаи сеюми апрел то даҳрўзаи якуми моҳи май ва дар ноҳияҳои баландкўҳ (18002600 м, аз сатҳи баҳр) -аз даҳрўзаи дуюми моҳи май то аввали июн шинонда мешаванд. Зичишинонии растаниҳо аз навъ, ҳосилхезии хок ва андозаи баргҳо вобаста аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо