Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Гулкуни ва ширагирии ғалладонаҳо.
Таъсири зиёдро ба сифати тухмӣ мўҳлати ташаккулёбии онҳо дар растании модарӣ мерасонад. Дар зироатҳои ғалладонагии хўшадор (гандум, ҷав, ҷавдор, тритикале) гулкунӣ аз миёнаи хўша ба тарафи поён ва боло, дар сулӣ, шолӣ, арзан гулкунӣ аз қисмати болоии тўдагул, оғоз меёбад.
Чунин қонуният дар ташаккулёбӣ ва расиши тухми (самар)-ҳо низ мушоҳида карда мешавад. Гуногунсифатии тухмиҳо дар доираи тўдагул (хўшагул)-ҳо бо ҳамин шарҳ дода мешавад. Тухмиҳои нисбатан баландсифат дар шолӣ, арзан дар гулҳое, ки дар қисмати болоии тўдагул ҷой гирифтаанд; дар зироатҳои хўшадор дар қисмати миёнаи хўша, дар ҷуворимакка дар қисмати миёнаи тудагул ташаккул меёбанд. Аз ҳамин сабаб ҷудокунӣ ва интихоби тухмиҳо барои кишт бо роҳи бо навъҳо ҷудосохтаи, яклухткунӣ, хирманкўбии дукаратаи аз ҷиҳати физиологӣ ба камолрасида, мўҳлати расишашон барвақтӣ ва дар шароитҳои растании модарӣ ташаккулёфта, ки нишондодҳои баланди ҳосилнокиро соҳибанд, моҳияти муҳими истеҳсолӣ доранд.
Қонуниятҳои махсусро дар ташаккулёбии тухмиҳои сифаташон гуногун дар доираи растании модарӣ дар пахта мушоҳида карда мешавад.
Ҳар қадар дар баробари поя ғўзаҳо болотар ташаккул ёбанд, ҳамон қадари дигар қобилияти ҳосилбандии тухмиҳо баландтар аст. Ин бахусус барои ҷойҳои аввал дар симподияҳо хос мебошад. Дар ҷойҳои дуюм ин қонуният ба таври дақиқ зоҳир намегардад.
Гуногунсифатии тухмии ҷувориро дар ҳудуди ҷўробак дар шароити Узбекистон З.У.Умаров (1971) зоҳир намудааст. Дар ҳамаи чор навъҳои омўхташавандаи чойҷуворӣ тухмиҳо бо дарозӣ, васеъгию барҷастагӣ ва вазни 1000 дона дар қисмати болоии хўша, ки бо таркиби баланди протеин – 9,18 % фарқ менамуданд, ташаккул ёфтанд. Вале дар тухмиҳои қисмати миёнаи хўша ба миқдори 0,46 % равған бештар буд.
Гуногунсифатии тухмиҳо дар доираи гулкунӣ бо як маром дохил нагаштан бо моддаҳои ғизоӣ ба гулҳо ва ғўраҳо вобастагӣ дорад. Дар зироатҳои хўшадор тухмиҳои нисбатан барҷаста ва комилёфта дар пояи асосӣ, ки бо маҳсулнокии баланд фарқ мекунанд, ташаккул меёбанд. Аз ин рў тухмиҳо аз хўшаҳои марказӣ қобилияти баланди сабзиш, энергияи сабзиш соҳиб буда, кишти онҳо ташаккулёбии растаниҳои нисбатан солим ва сермаҳсулро таъмин мекунад.
Гуногунсифатии растаниҳо дар киштзорҳои тухмӣ дар доираи навъ аз сифатҳои ирсӣ ва гуногунии ҳосилхезии хок дар майдонҳо, сифати тухмӣ ва агротехникаи парвариш вобастагӣ дорад.
Тухмӣ аз тухммуғчаи бордоршуда ташаккул меёбанд. Аз омезиш ёфтани як гард бо тухмхуҷайра - ҷанини тухмӣ ва аз омезиш ёфтани гарди дигар бо ядрои марказӣ ва дуюм эндосперм – махзани моддаҳои ғизоии таркиби тухмӣ ташаккул меёбад.

пешина
аз 314
навбатӣ