Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар дон ҷараёнҳои физиологии табодули моддаҳо мегузаранд. Тухмиҳо қобилияти мўътадили нешзаниро соҳиб мебошанд.
5. Пухтарасиши пас аз ҷамъоварӣ – дар тухмиҳо табодули мураккаби биокимиёии моддаҳои гуногун ба амал меоянд. Синтези олимоликулавии пайвастаҳои сафедагӣ ба охир мерасанд, кислотаҳои озоди равғанин ба равған мубаддал мегарданд, ингибиторҳои сабзиши тухмиҳо ба дигар моддаҳо табдил меёбанд, фаъолияти ферментҳо хомўш мегардад, ҳавою обгузаронии пардаи тухмӣ меафзояд. Нафаскашӣ ба итмом мерасад. Дар ибтидо қобилияти нешзании тухмиҳо паст аст, дар охир бошад, вай мўътадил мегардад.
Давомнокии давра аз зироат ва шароитҳои беруна вобастагӣ дошта, аз якчанд рўз то якчанд моҳро ташкил медиҳад.
6. Пухтарасиши пурра– аз лаҳзаи дар тухмиҳо пайдо гаштани қобилияти пурраи нешзанӣ, яъне оғози давраи нави ҳаётии растаниҳо.
Давомнокии ҳар як давра ва фазаи инкишофёбии тухмиҳо ва хосияти онҳо на танҳо аз намуд ва навъи зироат, балки ҳамчунин аз шароити ташаккулёбии тухмиҳо вобастагӣ дорад, ки онҳо ба хосиятҳои физиологии онҳо, кишт ва сифатҳои ҳосилнокӣ таъсир мерасонанд.
Дар мавриди гармсел бар асари ҳавои гарму хушк, нарасидани намӣ дар хок давомнокии давра кам мегардад, тухмиҳои заиф ва ғайрикомил ташаккул меёбанд.
Дар мавриди таъмини мўътадили растаниҳо бо ғизо, об, ҳарорат дар мавриди ҳавои намнок-баръакс давраи ташаккулёбии тухмиҳо дароз гардида, тухмиҳои нисбатан барҷаста бо таркиби баланди моддаҳои ғизоӣ ташаккул меёбанд.
Дар фазаи пурра пухта расидани дон ҳодисаи кам гаштани вазни 1000 дона тухмӣ, бар асари масраф шудани як ҳиссаи моддаҳои ғизоӣ барои нафаскашӣ, ба мушоҳида мерасад. Бахусус ин дар давраи ҳавои намнок ба қайд гирифта мешавад.
Ба воситаи тадқиқотҳои Н.Н.Кулешов ва дигарон муқаррар карда шудааст, ки ғуншавии моддаҳои хушк дар дон дар фазаи нимдунбулгардӣ, дар мавриди намнокии 35-40 % ба охир мерасад. Ба ақидаи муаллифони ҷудогона ширагирии дон дар мавриди намнокӣ қайдшуда, дар мобайнҳои нимдунбулӣ ба охир мерасад. Ҳаминро ба назар гирифта, гузаронидани ҷамъоварии ҷудогона (дуфазаги)-и ҳосили донро дар фазаи нимдунбули он тавсия медиҳанд.
Дар шароитҳои истеҳсолӣ амалан се фазаи пухта расидани донро фарқ мекунанд:
Ширагирӣ – майдони кишти ғалла намуди сабз дошта, дон сабз буда, ҳангоми зер кардан моеъи ширмонанд ба берун мебарояд, таркиби намӣ дар дон, 60-40 %-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра дохилгардии шадиди моддаҳои органикӣ ба дон ба амал меояд. Давомнокии давра аз 7-10 то 15 рўзро ташкил мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё