Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Нимдунбул – бо зард гаштани растаниҳои ғалладонагӣ тавсир ёфта, танҳо дар растаниҳои ҷудогона баргҳои болоӣ ранги сабзро нигоҳ дошта, таркиби намӣ дар дон 40-20 %-ро ташкил медиҳад. То миёнаҳои нимдунбул дохилгардии моддаҳои органикӣ идома ёфта, сипас қатъ меёбад.
Дон зард мегардад, онро бо нохун тоза кардан имкон дорад, дар буриши кундаланг дон сохти мумӣ дорад.
Расиши пурра – дар майдон растаниҳо пурра ранги зард мегиранд, таркиби намӣ дар дон то 20-17 % кам мегардад. Дон сахт мегардад, онро бо нохун майда кардан мумкин нест.
Аз давраи бордоршавии тухмиҳо то расиши пурра 30-35 рўз мегузарад.
Г А Н Д У М
Ахамият, пахншави, хосилнноки, дастоардхои пешкадамони истехсолот.
Хусусиятхои биологи.Навхои тавсияшуда. Хусусияти технологияи шадиди парвариш.
Гандум яке аз зироатҳои асосӣ ва муҳими озуқаворист. Дони гандум дар таркиби худ 12-19% сафеда, 63-79% оҳар (крахмал), 2,0% равған дорад. Аз дони гандум спирт,оҳар, ширеш (декстрин) истеҳсол мекунанд.
Сабўс, пахол ва коҳрезааш ҳамчун хўрокаи чорво истифода бурда мешаванд.
Гандум дар Тоҷикистон дар байни зироатҳои ғалладонагӣ бо масоҳати майдонҳои кишт ва ҳосилнокӣ дар ҷои аввал меистад. Дар соли 2005, масоҳати майдонҳои кишти гандум 317,7 ҳ.гектарро ишғол мекард.
Ҳосилнокиаш ба 19,6 с/га баробар буд.
Дар ҷумҳурии мо асосан гандуми тирамоҳӣ мекоранд. Зеро дар ин мавсим растанӣ метавонад нами боришоти давраи тирамоҳ, зимистон ва авали баҳорро самаранок истифода барад. Ин аст, ки гандуми тирамоҳӣ нисбат ба баҳорӣ серҳосилтар мебошад.
Хоҷагиҳои пешқадаме, ки қоидаҳои асосии парвариши ин зироатро пурра ба ҷо меоваранд, ҳосили баланд ба даст меоранд. Солҳои пеш хоҷагии «Коммунизм»-и (Д.Мутиев) ноҳияи Данғара ҳосилнокии гандуми тирамоҳиро то 30 с/га расонда буд. Дар бригадаи Н.Шоаҳмадови хоҷагии ба ном Дзержинский-и ҳамин ноҳия аз ҳар як гектар 26,4 сентнерӣ дон гирифта шуд. Дар бригадаи Ш.Шарифов аз хоҷагии «Ленинград»-и ноҳияи Кўлоб ҳосилнокии гандум аз ҳар як гектар ба 23 сентнер баробар буд. Боигадаи Н.Эшмуродови хоҷагии «Янги турмуш»- и ноҳияи Колхозобод аз ҳар гектар замини обӣ 55 сентнер дон гирифта буданд.
Дар таҷрибаҳои кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон истифодаи меъёрҳои ҳисобшудаи нуриҳо имконият дод,ки аз гандуми навъи шадиди Сете-Серрос-66 дар шароити заминҳои обии води Ҳисор аз ҳар як гектар 60-70 сентнер дон гирифта шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё