Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ширеши хом (сырая на кам аз 25-28 камтар аз 26
клейко-вина), % 28
Ҳаҷми нон (аз 100 гр на кам аз 450-500 камтар аз 450
орд), см3 550
Шаффофӣ (стекло- - -
видность),% - -
Гандуми сурхдона 75
Гандуми сафеддона 60
Қувваи пухташавии на кам аз 200-280 камтар аз 200
орд, 280

Дони гандум дар ҳарорати 1-2°С ба сабзиш cap мекунад. Барои пурра пайдо шудани маӣсаҳо ҳарорати 12-15°С кофи аст. Агар гандуми тирамоҳӣ барфпўш набошад, -18°С кофист, ки онро сармо занад. Дар сурати барфпўш будани маӣсаҳо онҳо метавонанд, ки то -30°С будани ҳарорати ҳаво осеб набинанд.
Гандум намталаб аст. Дараҷаи (коэффисенти) траиспиратсионии он ба 400-500 воҳид баробар мебошад. Кишти тирамоҳӣ дар шароити Тоҷикистон ҳангоми кофӣ будани намӣ ва истифодаи дурусти нуриҳо нағз сабзида, ҳосили баланд медиҳад. Намие, ки барои сабзишу инкишофи мўътадил ва гирифтани ҳосили баланд зарур аст, дар ҳудуди 70-75% НК (намиғунҷоиши камтарин) мебошад. (НК)-чунин ҳолати хокест, ки он пас аз қатъ гардидани боришот ва ё обмонӣ нисбати массаи худ камтарин миқдори обро нигоҳ дошта метавонад. Дар истеҳсолот ин нишондод барои муайян кардани мўҳлат ва меъёри обмонӣ истифода бурда мешавад. Дар истилоҳоти русӣ наименьшая влагосмкость (НВ) ном дорад.
Гандум нисбати хок ва ҳосилхезии он серталаб аст. Аз ин боис гандум дар заминҳои ҳосилхезу ба қадри зарурӣ сернам ва аз алафҳои бегона тоза кошта мешавад. Гандум барои пайдо кардани 1 сентнери дон 3,25 кг.
нитроген, 1,25 кг фосфор ва 2,0 кг. калийро талаб мскунад.
Давомнокии давраи нашъунамои гандум вобаста ба навъ, мўҳлати кишт ва агротехникаи парвариш 180-240 рўз аст.

пешина
аз 314
навбатӣ