Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар хоҷагии пешқадами ба номи Мукарамови ноҳияи Исфара дар натиҷаи мукаммалгардонии технологияи парвариш солҳои охир аз ҳар як гектар замини кишти гандум навъи Спортка-80 сентнерӣ дон рўёнида мешавад.
Дар хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Гомели вилояти Гомел аз майдони 34 гектар аз навъи гандуми «Шедрая» 104 сентнер дон гирифта шудааст. Дар Бритониёи Кабир, Исландия ҳосили миёнаи гандум аз як гектар ба 80 сентнер мерасад. Дар Бритониёи Кабир баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) аз ҳар гектар то 150 сентнер дони гандум мегиранд.
Ин мисолҳо аз дараҷаи баланди ҳосилнокии ҳақиқии гандум шаҳодат медиҳад.
Дар ҷумҳурии мо асосан гандуми мулоим, ки дорои аҳамияти калони хоҷагӣ аст, паҳн шудааст. Бисёр хелнамудҳои гандуми мулоим ба зернамуди иронию осиёгӣ тааллуқ доранд. Аз рўи сифат дони навъҳои гандуми мулоим ба навъҳои қавӣ, миёна ва суст (ҷадвали № 4) ҷудо мешаванд.
Гандуми қавиро беҳкунандаи сифат меноманд. Зеро дар вақти илова кардани он ба гандуми суст сифати маҳсулот (мазза, ранг ва ҳачми нон) беҳтар мешавад.
Барои истеҳсоли ғаллаи навъҳои гандуми қавӣ давлат музди иловагӣ медиҳад. Дони гандуми қавӣ, ки орди хушсифат мешавад, дар таӣёр кардани навъҳои аълои макарон ва маҳсулоти қаннодӣ истифода мебаранд.
Хусусиятҳои биологӣ. Авлоди гандум (Тriticum), 22 намуд, дорад. Ду намуди он: гандуми мулоим (Тriticum Avestivum l.) ва гандуми сахт (Т.durum Dect) дорои аҳамияти истеҳсолианд.
4. Талабот ба сифати дони гандуми мулоим
(ГОСТ 9354-7)
Нишондодҳо Гандуми Гандуми миё-Гандуми суст
қавӣ на
Миқдори сафеда, % на кам аз 11,0-13,9 камтар аз 11
14
Сифати ширешӣ, I II II-III
(клейковина), гурўҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё