Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан
  • Умматони пайғамбарро чӣ некӯӣ интизор аст?
  • Шафоъати пайғамбар. Оре, дар шумори пайғамбарон танҳо ӯ шафоъатгар асту халос.
  • Бандагонатро чӣ сон аз оташи дӯзах наҷот медиҳӣ?
  • Ба воситаи рӯзаву намоз.
  • Бенамозонро чӣ интизор аст?
  • Ҷафову ҷазо, нолаву оҳ, афсӯсу надомат.
  • Тақдири бандаи фақир чӣ гуна аст?
  • Эй, оне ки дар роҳи ман риёзат мекашӣ, бидон ҳар як ранҷеро судест, ҳар меҳнатеро подоше. Ин олам барои муҳибонам ҷои азоб асту санҷиш. Ҷафоҳои зиёде туро дар пеш аст. Ба мулке меафтӣ хеле сард асту қимматӣ, тир меборад ба сарат, офият меёбӣ.
  • Шукри беҳад, эй Яздони пок, ранҷ дар раҳи ту фароғат аст.
    Ҷаҳд менамуд дар намоз розу ниёзаш вусъат ёбад, дар олами андешаҳо, хаёлу гуфтугӯҳои ширин, мунозираҳо шабро рӯз кард.

Дар сапедии ширии субҳ рӯзҳои ширинаш махлут шуд, чун шир дар шир. Бархост аз болои ҷойнамоз, сар ба саҷда бурд.
Бо муридон ҳар сол як-ду маротиба ба зиёрати мазори дӯсти Худо Ҳазрати Амири Кабир – Сайид Алии Ҳамадонӣ ба шаҳри Кӯлоб рафта, аз хоки ин даргоҳ ба дидагонаш мемолад. Дарвеши раҳи ҳақиқат Сайид Алии Ҳамадонӣ (р) бар хидмати мардум, фараҳмандии онҳо камар баста.

Ҳазрати Амири Кабир мавзеи хушманзараи Хатлони қадимаро, ки мӯҳлате ин ҷо зист дошт, меписандид. Мардуми бонангу ор, якруву фарҳангии ин диёрро дӯст медошт. Ҳамин буд, ки чун дар Кашмир соли 1386 гоҳе, ки аз олам мегузашт, ба шогирдаш

пешина
аз 176
навбатӣ