Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

Нуриддин ибни Ҷаъфари Бадахшӣ, ки сари болинаш меистод, васият кард:

  • Чун олами фониро падруд гуфтам, ҷасадамро ба диёри Хатлон баред, хокдони ман онҷост...

Оре, дар радифи орифони хатлонӣ Хоҷа Исҳоқи Алишоҳи Хатлонӣ (баъдтар он кас домоди Ҳазрат шуданд), шайх Шамсиддини Хатлонӣ аз ходимони садоқатманди Ҳазрат буданд. Ҳамин буд, ки аҳли оилаи бузургвор ба ин диёр кӯч бастанд, маҳдани онҳо он ҷост.

Имрӯз Ҳазрати Эшони Сайиди Алааспа сари турбати пири роҳи тариқаташ оби дида мерезад, медонад, ки рӯзҳои сахту сангине ӯро дар пешанд.

  • Ё алломаи Ҳамадону Кашмиру Хатлон, аё, устоду раҳнамоям! Авлоду аҷдоди маро аз Самарқанд рӯҳи бузургу бешикасти ту ва чанд тан аз ҳабибони Аллоҳ ба ин диёр овард, - зери лаб мегуфт бобои Эшон ва ҳамон байти дӯстдоштаашро такрор менамуд:

Мо ғайри Худо дар ду ҷаҳон ёр надорем,
Ғамхор ба ҷуз Ҳазрати Ҷаббор надорем.

«ТӮҲФАТ-УН-НОСЕҲ» – ТӮҲФАЕ БА ЁДГОР

Ҳазрати Эшони Алааспа дар куҷое, ки маскан гирифтаанд, манзили зист ихтиёр намудаанд, аз ҳама аввал ба бунёди китобхона, тарғиби ганҷи бебаҳо – китоб таваҷҷӯҳ доштанд, диққати хоса медоданд. Дар ҷои аз ҳама болову назаррас «Каломи Шариф» – китоби осмонӣ – «Қуръон»-ро мегузоштанд.

пешина
аз 176
навбатӣ