Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Дар соатҳои фориғи таҳсилу таълим ба суфиён, муридон тармиму таҷҳизи китобҳоро мефармуданд.
- Пои бетаҳорат ба китобҳо наздик нашавед, зимни рӯи каф бардоштани онҳо албатта номи Эзиди покро ёдовар шавед, аз ӯ дар андӯхтани илму дониш кӯмак ҷӯед, суханони Илоҳӣ тавассути ҳарфҳову калимоти саҳифаҳо ба мо расидаанд. Ҳар китоб хазинаи пандеву андярзеву илмест. Ҳар падидаи илмӣ мӯъҷизаи илоҳист, калиди мушкилотест, шамъи пуранворест. Аз партави он олами зулумот, ҷаҳолат зудуда хоҳад шуд. Аз файзи он дидаҳо ба сӯи Ҳақ равшан, дилҳо дар роҳи худошиносӣ қавӣ, пур аз сафо, кафҳо сахопеша, гомҳо дар тариқати расидан ба қуллаи мақсуд, ки он худогоҳиву худоогоҳист бесубот хоҳад гашт. Бо илм одам худруву худоро мешиносад, чун бо ин мартаба расид, ба ғуломиву бандагӣ тан намедиҳад, занҷирҳои ситам гусаста хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз «Каломи Раббонӣ»-ро ҳамеша азиз доред, биомӯзед!
Дигар китоби маҳфилоруву мавриди омӯзишу тарғиби ҳамешагии Эшон ин «Тӯҳфат-ун-носеҳ» буд. Ҳазрат баробари осори Саъдиву Ҳофиз, Шайх Аттору Ҷалолиддини Румӣ ба ин асари фасеҳзабону тозагуфтор назари хоса дошт. Китоб таснифи ҳазрати Мавлоно Муҳаммад Юсуф мебошад. Таърихи ба дасти Эшони Алааспа расидани ин асари ахлоқиву тарбиявӣ тавил аст. Он аслан моли домулло Муҳаммадӣ (р) буд, баъд ба дасти Қозӣ Обид алайҳирраҳма расид. Ҳазрати Қозӣ Обид бошанд боре аз тангии рӯзгор ба Ҳазрати Эшон қорафтода шуданд, яъне миқдоре галла дархост карданд. Ҳазрати Эшон хоҳиши он касро ба ҷо оварданд. Ҳазрати Қозӣ Обид ҳарчанд мехостанд ба бобои Эшон маблағе таслим намоянд, аммо он кас рад намуданд ва таъкид карданд, ки ин мадад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё