Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
меҳмонон оварда мешуд. Аз ҳисоби саховат рӯзе то 1-2 гӯсфанду буз ва гов забҳ гашта, ба халқ тақсим карда дода мешуд. Он қадар каромату илмаш зиёд буд, ки аз даму дуояшон беморони ишкелбанд дар муддати кӯтоҳе шифо меёфтанд. Мардуми бисёре аз Ҳисору Қаротегин, тобеоти Хатлон фарзандонашонро ба пеши Ҳазрат меоварданд, худи онҳо низ аз рӯи ихлос муриди Эшон мешуданд. Ҳазрат парҳезкор буданд. Вақте ба ҷанозаҳо мерафтанд, ба хотири надидани чеҳраи занҳои номаҳрам чодар ба рӯй доштанд. Дар Каримбердӣ сӯфиёни варзида доштанд, ки хизматашро ба ҷой меоварданд, ба мисли Абдусаттор, Қаюм, Қодир ва Ҷобир. Каримбердӣ дар замони он кас хеле обод гашта буд.
Ҳазрати Эшон, марди миёнақад, риши давра доштанд, ҳандонрӯй, олими боамал буданд. Бо ҳазрати Ҳоҷӣ Обид дар кадом масъалаи динӣ дар Ховалинг, дар ҷанозае баҳс менамоянд, Ҳазрати Эшон мефаҳмонад, ки дар фалон китоб шарҳу тафсири он гуфтаҳо мавҷуданд. Агар ба хонаи мо меҳмон шавӣ, ҳамон китобро мутолиа мекуниву мебинӣ. Ҳамин хел ҳам шуд. Ҳазрати Қозӣ Обид — Қозии Кӯлоб боре роҳгузар меҳмони бобои Эшон шуда, он китобро дарёфт намуду мушкилоти илмии хешро ҳаллу фасл сохт, иродат карду муриди Ҳазрати Эшон гардид.
Боре марди пире дар ҳолати хуфту хез бо занаш ҷон медиҳад. Мардуми деҳаи Каримбердии поён барои шустану такфини майит дар мемонанд. Барои ҳалли муаммо ба пеши Муфтии Кӯлоб, ки дар Зангибобо ном деҳа зиндагӣ мекард, мераванд. Муфтӣ арзи онҳоро гӯш медиҳаду мегӯяд, ки дар ҳоли зинда будани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё