Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ку над, аз сӯи дигар, пешравии назаррасе дар соҳаи пахтакории ин ду ноҳия эҷод мекард.
Вале дар музояда ба ҷои ширкати мо як ширкати беноми дигар ғолиб омад, ки боиси ҳайронии ҳама шуд. Вақте ки ман пай гирӣ кардам, маълум шуд, ки раисони он корхонаҳо бо раисони он ноҳияҳо забон як карда, аз масъулони музояда хилофи қоида, ҷузъиёти пешниҳоди моро фаҳмида, маблағи калонтареро фақат ба хотири коршиканӣ пешниҳод карда буданд. Дар натиҷа, онҳо корхонаҳоро нахариданд ва он ба музоядаи нав гу зошта шуд, вале сармоягузорони хориҷӣ аз фасод огоҳ шуда, дигар аз иштирок дар музояда даст кашиданд. Ҳамин тавр, як им кони хуби рушди ин ду ноҳия аз даст рафт.


Дар яке аз музоядаҳои баъдӣ дар хариди корхонаи пахтатозакунии ноҳияи Қубодиён, айнан ба ҳамин минвол раиси вақти ноҳия баранда шуда буд. Ӯ ба мо пешниҳод кард, ки маблағи хариди корхонаро пардохт карда, онро бихарем. Ба маҳзи пардохтани маблағ, ӯ ба фиребу найранг оғоз кард ва ним сол моро дарди сар дод. Хушбахтона, мо қарордоду аснодро дуруст таҳия карда будем ва ӯ ноилоҷ саҳмияҳои корхонаро ба ширкати мо дод. Вай як марди пасту сифла буд, ки бо овардани ҷузъиёти аъмолаш намехоҳам вақти пурқимати хонандаро зоеъ кунам.
Ал батта, муомилаи ин корхона ҷузъиёти ҷолибе ҳам дорад, ки шояд дар фурсати муносиб онро ҳам бинависам. Ҳамкорӣ бо ин раис боиси дарди сар зиёд шуда бошад ҳам, ниҳоят мо соҳиби саҳ мияи ин корхона шудем. Вале кош намешудем!
Он замон дар кишвар фармондеҳони зиёд фаъол буданд, ки қисмҳои низомии нимашахсӣ доштанд. Ин фармондеҳони мафиягуна минтақаҳои кишварро байни худ тақсим карда гирифта буданд ва дар «қаламрав»-и худ ғайриқонунӣ салоҳияти зиёд дош танд. Аз ҳама боҷ мегирифтанд, мардумро тороҷ мекарданд,

пешина
аз 253
навбатӣ