Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳатто ба кори мақомоти давлатӣ дахолат мекарданд. Баъд аз он ки мо корхонаи мазкурро харидем, як гурӯҳ силоҳдорон ба офиси мо омада, таҳдид карданд, ки ин корхона моли онҳост ва ҳарки онро харидааст, аз ҷонаш сер шудааст.
Ман ба мақомоти давлатӣ арз карда бошам ҳам, касе ёрои бо ин гурӯҳ сар ба сар шуданро надошт. Ман маҷбур шудам, ки барои ҳифзи маблағҳои сангини барои харидани ин корхона сарфкардаам, ба инҳо боҷ диҳам. Саҳмияҳои ин корхонаро ман як бор аз давлат, бори дувум аз инҳо харидам. Вале маълум шуд, ки ҳоло ҳам ман молики ин корхона нестам.
Он замон ман тақрибан дар офис наменишастам, ҳамаи вақтам дар бонку саҳро мегузашт. Чандин бор, дар набудани ман, қосиде аз номи он фармондеҳ ба офис омада, маро суроғ мекард. Албатта, ман аслан хоҳиши дидан ва суҳбат бо онҳоро надоштам, вале зангҳои таҳдиддори телефонӣ оғоз шуданд.
Ночор будам, фарёдрасе надоштам ва таҳдиди инҳоро наметавонистам нодида бигирам. Аз корномаи зулму хунхории онҳо хуб огоҳ будам. Бояд вомехӯрдам ва мушкилро ҳал мекардам.
Ниҳоят рӯзе он қосид омад ва амр кард:
– Рафтем, командир нигаҳат дорад.
Ба мошин нишаста, аз Исмоил хоҳиш кардам, ки аз пасаш би ронад. Ба назди дарвозаи қисми низомӣ дар Қулписта расида, мошинро гузоштем ва аз паси қосид дохил шудем. Фармондеҳи манфур дар ҳалқаи як гурӯҳ низомиён, ки ҳар гуна либоси низомии саҳроӣ дар бар доштанд ва дар либоспӯшӣ аз Пакана кам фарқ мекарданд, суҳбат мекард. Дуртар, дар майдон қаторҳои сарбозон ба машқ машғул буданд. Чанд зиреҳпӯшу тонк ҳам дар канори он майдон қатор меистоданд ва дар атрофаш сарбозон ҷунбуҷӯл доштанд. Командир моро дидан баробар, ба сӯи ман ишора карда, фарёд кашид:
– Ин муҳофизша овардай, ки мора битарсона?!

пешина
аз 253
навбатӣ