Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Намуди зоҳирии паҳлавононаи Исмоил дар зеҳни ӯ таваҳҳум эҷод карда буд. Шоеъоте, ки ӯ муътоди маводи мухаддир аст, исботи худро меёфт. Вагарна, чӣ мантиқе метавонад пушти ин иддаъо бошад? Ӯ бо он ҳама сарбозу тонку тӯп ва ман бо як «му ҳофиз»-и дасти холӣ омадаам, ки ӯро тарс диҳам?!
Ба атрофиёнаш дастур дод:
– Баред, бифаҳмонедаш, ман баъд миём!
Чанд нафар атрофи моро ҳалқавор печонда ба сӯи бино бурданд. Раҳораҳ аз пушт тела медоданд, аз чапу рост бо оринҷ мезаданд ва таҳдид мекарданд. Ман ба як зарра – лахти энерҷӣ табдил ёфта будам. Ончунон рагу паям кашида шуда буд, ки фикр мекардам агар сар диҳам, ба ҳаво мепарам. Ҳолати аҷибе даст дода буд, ки аз тасвираш оҷизам. Ман дар ҳолати омодабоши тамом қарор доштам. Медонистам, ки хатари воқеӣ ба ҳаётам таҳдид мекунад. Вале, аслан ҳисси тарс надоштам. Хеле мунсаҷим будам, вале хунсард. Мағзам алоҳида кор мекард.
Ба ман машварат медод. Гӯё ман ду нафар будам. Ҷисмам дар ҳолати омодабоши шадид қарор дошт, вале мағзи сарам коми лан равшан ва зуд кор мекард. Ҳаракоту ҳарфҳои онҳоро таҳ лил мекард.
– Фикр кардӣ, дунё бесоҳиб аст?
– На, медонам, шумо фикр мекунед, ки соҳиби дунё шумоед, - ҷавоб медод майнаам ва фақат гӯшҳои ман ҷавобҳои ӯро мешуниданд.
– Эй, дар ҳамон ҷогаҳи хобат, дар Панҷакентат ай тиреза мепаронемут, фикр мекунӣ, мо хоната дар уҷа намедонем?
– Намедонӣ, тирезаи хонаи хоби ман баланд аст, дар муқобилаш чизе нест, ки аз рӯи он баромада нишон гирӣ. Лоф.
Тар сондан мехоҳад, - гӯшзад мекард майна.
– Ягон гапи командира нагирӣ, ҳамин ҷо мепарронумта.
– Туфангаш дар миён аст, таҳдидаш воқеист, хуни ноҳақ зиёд рехтаанд инҳо, - хулоса кард майна. Муште сарамро такон дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё