Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҷавоб надеҳ, вақташ нест, инҳо ҳамаш тарсдиҳӣ аст, - фар мон дод майна. Ҳамин тавр моро задаву тела дода, ба як уто қи дароз, ки бо мизу курсиҳо муҷаҳҳаз буд дароварда, дар курси ҳои бехи девор шинонданд ва дӯғу пӯписа идома ёфт.
– Ба чашмони онҳо нанигар, то командираш омада, суҳбат накунад, намепарронанд, фақат бо ин фишорҳо тарсонда гапдаро кардан мехоҳанд, - дастур дод майна. Таҳдид идома кард.
Пас аз муддате, «командир» даромад ва ҳама «смирно!»
гуфта қад кашиданд.
– Номут чияй, эшон? - нахуст ба Исмоил муроҷиат кард ӯ, аз назди мо гузашта ба сари мизи корияш рафта. Дар Тоҷикистон ҳар каси ришдорро «эшон» меноманд. Мо ҳам дар корхона Ис моилро ҳама «Эшон» ном мебурдем.
– Исмоил, - ҷавоб дод Исмоил.
– Аслут ай чоай? - саволи ҳамешагии тоҷикиро дод командир. Маҳалли шахс барои мо тоҷикон муайянкунандаи тамоми муносибати баъдиямон бо ӯст.
– Аз Масчо, - кӯтоҳ ҷавоб дод Эшон.
– Ээ, ту ай худмон будай-ку! - бонги шодӣ зад муътод, гӯё бо ҳамин Исмоилро ба гурӯҳи худаш шомил карда, маро танҳо гузошт.
– Фаҳмонден ина? - бонг зад ба зердастонаш ба ман ишора карда.
– Фаҳмид, командир, - қад кашида даст ба чакка бурд яке аз онҳо. Нигоҳи командири дарандахӯй ба сӯи ман гашт ва тамоми садояшро сар дода, дод зад:
– Ту фикр кардӣ дунё бесоҳибай? Заводи Қабодиён ай манай, уна ман ай дасти Маҳмуд Худойбердӣ зада гирифтагиюм.
Ун завод расходои (ҳазинаҳои) части (қисми низомӣ) мара мета.
Ура мехаридагӣ ай очаш набромадай. Ту зӯрӣ? Ба кадом ақл за води мара харидӣ?
– Ором ҷавобашро деҳ,- фармон дод майна.

пешина
аз 253
навбатӣ