Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте ба синфхона даромадем, дар рӯи мизи устод чанд лифофа мехобид. Устод довталаберо даъват карда, хоҳиш карданд, ки як лифофаро интихоб кунад. Онро боз карданд ва номи мавзӯъҳои дар он бударо ба тахтаи синф навиштанд. Се мавзӯъ буд, ки ҳар кас метавонист мавзӯи дилхоҳашро интихоб кунад.
Ман дар мавзӯи осори устод Рӯдакӣ иншо навиштам. Пас аз ду-се рӯз натиҷаи имтиҳон маълум мешуд. Ман аз иншо баҳои «чор» гирифтам. Он барои ман баҳои қонеъкунанда набуд, чун ман азм доштам, ки ҳамаи имтиҳонҳоро бо баҳои «аъло»
(5) бисупорам. Вале ҳусни хатам, ки хуб набуд, ҳадс задам, ки эҳтимолан, ба ҳамин далел ба ман баҳои чор гузоштаанд, чун яке аз меъёрҳои баҳо дар кори хаттӣ ҳусни хат ҳам буд. Дигар даъво накардаму ба ҳамин чор ҳам қаноат кардам. Имтиҳони дигар аз адабиёт буд. Иншо имтиҳони забон ҳисоб мешавад ва имтиҳони дувум имтиҳони адабиёти бадеӣ буд. Варақаи имтиҳон ва шиносномаро нишон дода, ба синфхона даромадам.
Он ҷо чанд тан довталабон нишаста буданду омодагӣ медиданд ва дар рӯ ба рӯи мизҳои довталабон чанд миз гузошта буданд, ки паси онҳо устодон нишаста, имтиҳон мегирифтанд. Ман ҳам билетро гирифта, нишастам ва саволҳоро хондам ва дидам, ки бароям ҳеч душворие надоранд. Се савол буд. Ҷавобҳоямро ба гунаи тезис ё сарфасл ёддошт кардаму вақте навбатам омад, дар рӯ ба рӯи муаллими имтиҳонгир нишаста ҷавоб додам.
Вақте ҷавоби ҳар се саволро гуфтам, устод саволи иловагии дигаре ҳам дод, ҷавоби онро ҳам додам. Чун барномаи мактаби миёнаро хуб аз худ карда будам, дар ҷавоб додан ба саволҳо душворӣ пеш наомад. Устоди имтиҳонгир аз ҷавобҳои ман ба ваҷд омада, бо садои баланд:
– Баҳои шумо панҷ! - гуфт. Як нафар аз устодон байни миз ҳои имтиҳонгирӣ мегашт ва рафти корро назорат мекард.
Ман баъдан донистам, ки он кас устод Сатторзода будаанд, ки ҳамон сол раиси комиссияи қабули шуъбаҳои забон ва адабиё-

пешина
аз 253
навбатӣ